АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Навбатдор хост аз ҷояш хеста, ба таври расмӣ гузориш диҳад, вале Ҷобиров:
– Нишаста гап занед, – гуфт.
Азбаски радиоалоқа ҳамагӣ ҳаждаҳ дақиқа давом кард, гурўҳи фаврӣ бо автомашинаи мавҷӣ танҳо квадрати умумии ҷойи радиоалоқаро муайян карда тавонистанду тамом. Дар квадрати мазкур зиёда аз чил хонаи истиқоматии бисёрошёна ҷой гирифтааст. Аз сабаби қатъ гаштани радиоалоқа имконияти аниқтар намудани ҷойи додугирифти радиоалоқа даст надод.
– Рамзнависҳо оё ягон калимаи матнро ифшо карданд?
– Не, рафиқ генерал.
Пас аз рафтани навбатдор генерал аз ҷой бархоста, ба назди харитаи шаҳр омад ва квадрати мазкурро бори дигар аз назар гузаронид.
“Маълум мешавад, ки мо дар куҷое ба иштибоҳ роҳ додаем”– ба худ андешид генерал. – “Вагарна аз зери биниамон додугирифти радиои бегонаро боз чӣ тавр метавон арзёбӣ кард?. . ” Ҷобиров гўшаки телефони дохилиро бардошта, ба навбатдор супориш дод:
– Сардори контрразведкаро* ба назди ман фиристед…
– Хуб шудааст, рафиқ генерал.
Ҷобиров гўшаки телефонро ба ҷояш гузошта, ба андеша фурў рафт. Саҳифае аз хотироти хешро варақгардон намуд:
Зимистони соли 1944. Москва. Гарчанде, ки қушунҳои душман аз он ҷо ба масофаи ҳазорҳо километр қафо партофта шуда буданд, вале ҳанўз дар пойтахт гурўҳҳои хўрди ҷосусӣ ва хиёнатпеша амал мекарданд. Дар яке аз шабҳои охири моҳи январ аскари қатории яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати бехатарии давлатӣ Ҷовид Ҷобиров дар наздикии купруки Кузнеск дар дидбонгоҳ адои хизмат мекард. Тахмин соати дуйи шаб мардеро дид, ки саросемавор аз паҳлўи ў гузашта рафтанист.
Дар сармои зимистон либоси тобистона доштани марди роҳгузар шубҳаовар намуд.
– Исто! Мепарронам!, – амр кард Ҷовид.
*Контрразведка– шўъбае, ки муқобили разведкаи хориҷӣ кор мебарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо