Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Роҳгузар гўё нашунида бошад, қадамониро тезтар намуд.
Ҷовид боз амр кард, вале роҳгузар наистод. Ў пойи роҳгузарро ба нишон гирифта, кулангро зер намуд. Роҳгузар афтид. Садои тир ҳамчун бонги хатар садо дод. Ҳама ба по хестанд.
“Ҷабрдида”– ро ба қисми ҳарбӣ бурда, ёрии тиббӣ расониданд ва шахсияти ўро муайян намуданд.
Маълум шуд, ки вай ҷосус будааст. Рўзи дигар, нисфирўзӣ бо фармони махсус аскарон дар майдони қисми ҳарбӣ саф оростанд. Сардори қисми ҳарбӣ майор Турандин амр кард:
– Аскари қаторӣ Ҷобиров се қадам ба пеш бароед!
Ҷовид се қадам ниҳода, ҳайрон буд, ки чаро ўро командир ном гирифт.
– Барои ҳушёрӣ ва матонат ҳангоми дар дидбонгоҳ будан ва дастгир кардани ҷосуси давлати дигар аскари қаторӣ Ҷобиров Ҷовид, барои гирифтани ордени «Шараф», дараҷаи сеюм пешниҳод карда шавад. Ҳамчунин барои хондан дар мактаби махсуси қушунҳои сарҳадии Вазорати Бехатарии Давлатӣ тавсия дода шавад, – гуфт майор Турандин дасти Ҷовидро сахт фишурда.
– Ба Иттифоқи Советӣ хизмат мекунам! – бо овози баланд бурро гуфт Ҷовид...
– Рухсат диҳед, рафиқ генерал! – гуфтани полковник Мирзо Сиддиқӣ ўро аз банди фикру андеша раҳо кард.
– Марҳамат, дароед.
Полковник Сиддиқӣ, ки як моҳ пеш ба вазифаи сардори контрразведка таъйин шуда буд, бо сари хам дар назди раиси Комитет рост меистод.
– Марҳамат шинед.
Ҷобиров ва Сиддиқӣ қариб ду соат дар бораи радиоалоқаи имшаба баҳсу мунозира карданд ва нақшаи чорабиниҳоро тартиб доданд.
Вақте ки полковник аз кабинети раиси Комитет баромад, субҳ дамида буд. Ҷобиров ба соат нигарист, ки он шашу сию панҷ дақиқаро нишон медод.
... 13 …

– Зудтар! – амр дод Тешаи Санг (Генрих Смит) ба алоқачӣ ва худ ба ҷамъ кардани мавҷгир пардохт.

пешина
аз 408
навбатӣ