Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ, ҷойи дурустаре наёфтӣ?– дар навбати худ ғурунгос зад алоқачӣ.
– Ҳоло вақти баҳсу мунозира нест, Анварҷон, зудтар аз ин ҷо ҷон ба саломат бурдан лозим. Бин, шербачаҳо, чӣ хел зуд квадрати ҷойи радиоалоқаро муайян карданд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар таги ҳар як бинои бисёрошёна як автомашинаи мавҷқабулкунак надошта бошанд…
Ҳарду саросемавор мухобираро ба ҷомадоне ҷо карда, аз болои бом фаромада ва ба хонаи иҷора, ки дар ошёнаи нўҳум буд, даромада, дарро аз дарун маҳкам карданд.
– Хайрият, ҳамааш ба некӣ анҷомид, – гуфт Тешаи Санг.
– Ҳо, – оҳи сабук кашид алоқачӣ.
– Чароғро даргиронам?– пурсид Анвар.
– Чӣ, девона шудӣ магар? Бин, чӣ қадар одамон ба ҷустуҷўйи ин мухобираи зормонда баромаданд, – гуфт Тешаи Санг.
– Мўйсафед, шумо ҳам бало! Ба фикрам, саратонро дар ҳамин “касб” сафед кардаед.
– Ба инаш коратон набошад…
Ҳарду дар торикӣ ба назди тиреза рафтанд ва аз паси парда ноайён ба поён нигаристанд. Ду нафар дуртар аз иморат байни худ баҳс доштанд, дуртар аз онҳо автомашинаи «ГАЗ– 66», ки болояш пўшида буд, меистод.
– Дастгоҳи мавҷқабулкунак дар ҳамин мошин гузошта шудааст, – гуфт мўйсафед.
– Медонам.
– Аз куҷо?
– Дар аскарӣ алоқачӣ будам ва айнан бо чунин автомашинаҳо сару кор доштам, – худситоӣ кард Анвар.
– Таҷрибаатро ба муқобили давлате, ки туро касб омўзонд, истифода бурда истодаӣ– ку! О, ин маънои “нон хўрда ба намакдон туф кардан”– ро надорад?
– Пирмуроди мо ту барин мўйсафеди беимон бошад, пас мо чӣ кор кунем?– дар навбати худ паст наомад Анвар.
– Хайр шуд, ҳаминаш намерасид, ки мо даст ба гиребон шавем, беҳтараш бояд чораи бехатарии омадани “шеф”– ро таъмин кунем…

пешина
аз 408
навбатӣ