АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ў симои ҳамсараш Маърифатро пеши назар овард. Дар муддати солҳои зиёд симои Маърифат ҳамеша чун соя ҳамроҳаш буд. Маърифат ҳам албатта шавҳар кардагист ва эҳтимол писари ягонаамон Муҳиб ҳам марди баркамол шудааст. Ҳа, вақте ки ин ҷанги зормонда сар шуд, Муҳиб сесола буд ва ҳоло ба чилу се – чилу чор қадам мондааст.
Гарчанде аз Гулистон то зодгоҳам ду қадам роҳ аст, вале ба он ҷо рафта наметавонам ва ҳатто аз касе дар бораи зану фарзандам ҳам пурсида наметавонам. Ба ин ҳуқуқ надорам, чунки худам зиндагиро дар давлати “озод” интихоб кардам…
«Хайрият, як бор ҳам гуноҳатро ба гардан гирифтӣ, Тешабой, – нидо омад аз қалбаш.
– Аз кай боз барои ту Тешабой шудам?
– Агар ба ивази ҷон ту Ватанро намефурўхтӣ, барвақт ба номат калимаи “бой” ҳамроҳ мешуд. Ва акнун, аз ин пас ман туро чунин ном мегирам…
– Яъне гуфтанед, ки…
– Ҳа, ҳа, маро нағз фаҳмидед, акнун “бо ханда мекушам туро…»
– Бобо намегўед, ки соат чанд?– гуфтани ҷавоне ўро аз муколама бо қалбаш вораҳонд…
– Соат ёздаҳу даҳ дақиқа, – бо забони русӣ ҷавоб дод ў.
Ҷавон ҳайрон– ҳайрон ба ў нигарист.
Ҳарчанд, ки Тешаи Санг сару либоси аврупоӣ пўшидааст, вале аксаран мардум бо забони тоҷикӣ ба ў муроҷиат мекунанд, ҳатто айнаки сиёҳаш ҳам ўро аз чашмони тезбини мардуми ин сарзамин пинҳон карда наметавонад ва дар симояш марди шарқиро мебинанд.
Ў қадамониашро зудтар карда, то дари осорхона омад.
Сипас, дуздона ба атроф нигариста, аз зинаҳо боло баромад ва чипта гирифта, дохили бино шуд.
Хиёнатпешагон аслан ҷойи вохўриҳои худро дар мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла осорхонаҳо таъйин мекунанд.
Имрўз ҳам аксарияти тамошобинони осорхона ва ходимони он ба ин мўйсафеди ботинан шарқию зоҳиран ғарбӣ, ки нисбат ба таъриху маданияти ин сарзамин “таваҷҷўҳ” зоҳир карда буд, бо як эҳтироми беандоза менигаристанд ва ҳеҷ кас ба гўшаи хотир ҳам намеовард, ки ў бо кадом ният ба ин ҷо қадам “ранҷа” намудааст…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо