Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

... 14 …

Дар охири рўзи дуюми кор дар бойгонии комиссариати ҳарбии ҷумҳурӣ капитани милиса Абдумаҷидов рўйхати гурўҳи даъватшавандагонеро, ки Сафаров Абдулло ва Мардонов Латиф шомили он буданд, муайян кард. Гурўҳ дар аввали моҳи сентябри соли 1941 ба воситаи қатора ба фронт фиристода шуда буд. Аз ҳуҷҷатҳо бармеомад, ки гурўҳ бояд таълимоти аввалаи ҳарбиро дар минтақаи Шаҳрисабзи Ўзбекистон мегирифт.
Гурўҳ, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳарбии бойгонӣ ҳамчун қисми 58– ум ёдовар мешуд, наваду ду нафар даъватшавандагонро дар бар мегирифт. Баъди чил сол ёфтани як нафар, ки аз рўйи тахминҳои пешакӣ қасди ҷони Сафаров ва Мардонов карда бошад, кори осон набуд. Ин ба он мемонд, ки сўзани гумшудаеро шаби тор дар байни ғарами коҳ ҷустуҷў намоӣ.
Вале тафтишот, ки маҳз ҳамин пешгўиро дастгирӣ мекард, бе санҷиши аниқ ва далелҳои раднашаванда онро инкор кардан наметавонист.
Акбаршоҳ “бозёфтҳо”– и худро ба Сафарзода аз як сар қисса кард.
– Пас маълум мешавад, ки қисмати Сафаров ва Мардоновро танҳо як пайроҳа – пайроҳае, ки ба дифои Ватан мебарад, ба ҳам паӣваста ва акнун қотилро низ бояд аз ҳамин пайроҳа ҷўем?
– Роҳи дигаре нест, Сабоҳат Абдуллоевна. Охир худатон таҳлил кунед, ки гилзаҳои ҷойи куштори Сафаров дар Рига ба гилзаҳои ҷойи куштори Мардонов дар қабристони шаҳрӣ ҳам монанданд ва аз рўйи хулосаи ташхиси баластикӣ муайян шудааст, ки Сафаров ва Мардонов ҳарду ҳам ҳадафи тири таппончаи “Валтер” шудаанд.
– Рўйхати онҳоеро, ки дар як команда ҳамроҳи Сафаров ва Мардонов ба фронт рафтаанд, дар даст доред?
– Ҳа, дар асоси дархости Шумо нусхаи рўйхати дар бойгонӣ маҳфуз бударо муҳр карда доданд, – Абдумаҷидов сумкаи чармини дар дасташ бударо кушода, нусхаро ба дасти муфаттиш дод…

пешина
аз 408
навбатӣ