АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

... 15 …
Кампири Маърифат хоби батарс дида, яку якбора бедор шуд. Аз рўшноии моҳтоб бошад ва ё аз дамидани субҳ, ки хона равшан буд. Кампир болои бистар бори дигар хоби лаҳзае пеш дидаашро пеши назар овард…
– “Худоё, худаш чӣ гап?! Як ҳафта боз айнан ҳамин хобро мебинам. Наход худои таъоло раҳми писари ягонаи маро нахўрад, – ба худ андешид кампир. – Ҳеҷ мумкин нест, ки падари Муҳибҷон хоин шуда бошад…” Ў аз ҷой бархоста, берун баромад. Дар осмон ситораҳо чашмак мезаданду моҳтоби нима оламро мунаввар мекард.
“Барои адои намози бомдод ҳанўз барвақт” андешид ба худ кампир ва гашта ба хона даромада, чароғ даргиронд.
Набераҳояш Муҳаббат ва Дилором масти хоб буданд.
Кампир ба сари сандуқ рафта, онро кушод ва аз таги ҷиҳози он як даста қоғазеро берун оварда, аз байни онҳо лифофаи кабудеро кашида гирифт ва боқимондаашро боз ба яхдон гузошт.
“Дигар тоқат надорам. Ба ғайр аз Муҳибҷон дигар ба кӣ ҳам ин дардамро гўям, охир ин дарди ҳардуи мост…” Пас аз таҳорат кампир болои ҷойнамоз тасбеҳ гардонда, дамидани субҳро интизор шуд.
Аз рўйи одат, Муҳиб чун ҳамарўза аввал ба хонаи модар даромад. Ўро болои ҷойнамоз даст ба фотиҳа дида, аз санҷаи дар гузашт ва сари по “амонат” нишаста, даст ба дуо бардошт, баробари модар омин гуфта, даст ба рўй кашид ва аз ҷой ба зиёрати модар бархост.
Кампир ба рўйи ягона ҷигарбандаш нигариста, ба худ меандешид, ки хоби дидаашро гўяд ё не?. .
– Ба Шумо чӣ шуд, оча, ки як ҳафта боз хотиратон парешон аст? Шояд касе ранҷонидааст?– пурсид писар.
– Медонӣ чӣ, Муҳибҷон? Дадоятро як ҳафта боз хоб мебинам.
– Нек бошад?
– Ба фикрам дадоят зиндааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо