Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хубе!
– Не, аз рўйи хоби дидаам аз зинда будани падарат некиро интизор шудан ба гумон.
– Чаро?
– Ў ба шаъни ҳамаи авлоди мо доғ меорад.
– Баъди чил сол боз чӣ хел доғ будааст?
– Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки доғи бузурге авлоди моро дар пеш аст.
– О, мегуфтӣ, ки падарат дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудааст– ку?!
– Ҳа, мегуфтам, вале… Дар асл ў беному нишон гум шудааст.
– Яъне, чӣ тавр?
Кампир аз ҷояш хеста, лифофаи кабуди секунҷаеро аз болои ҷевон гирифту ба дасти писар дод.
Муҳиб боэҳтиёт лифофаро кушод ва қоғазеро аз дохили он берун овард. Аз қоғази бо мурури замон зардшуда Муҳиб асрори ниҳони чилсоларо дарёфт, ки дар он омада буд:

Муҳтарам Сангова М.
Шавҳари Шумо – аскари қаторӣ Сангов Теша 26 апрели соли 1942 ҳангоми убури дарёи Угра беному нишон гум шуд…
Командири қисми ҳарбӣ П. И. Аксёнов

– Шояд ғарқ шуда бошад?
– Ба гумон аст.
Муҳиб симои падарро ҳеҷ дар ёд надошт, вале аз рўйи акси ягона ўро марди ҷасуре мепиндошту ба номаш ифтихор дошт. Суханони имрўзаи модар бошанд…
– “Не, не, – роҳравон зери лаб ғунгос зад ў, – модарам чил сол боз ба ёди дадоям зиндагӣ дорад, ҳеҷ не ки ба тақдир тан диҳад, бино бар ин хоб дидааст…” Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Гулистон, Прокуратураи генералӣ, ба муфаттиш Сафарзода С.

пешина
аз 408
навбатӣ