АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

А.
Бойгонии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ ба номаи Шумо таҳти рақами 8/276 аз 26 августи соли 198... хабар медиҳад…
Аз рўйхати пешниҳодкардае, ки ба мактубатон илова кардаед, муайян намудем, ки баъди андўхтани таҷрибаи аввалини ҳарбӣ дар Шаҳрисабзи РСС Ўзбекистон ҳамроҳи Сафаров Абдулло ва Мардонов Латиф боз ҳашт нафари дигар (рўйхат илова карда мешавад) барои адои хизмат ба армияи 33– ум, фармондеҳаш генерал лейтенант М. Г. Ефремов, фиристода шуданд.
Ҳамаи онҳо дар ҳайати дивизияи 113, армияи дар боло зикр шуда моҳи январи соли 1942 дар маҳаллаи Наро– Фоминск бори аввал ба ҷанг дохил шуданд ва то даромадгоҳи шаҳри Вязма ҳаракат карданд. Дар ин муҳорибаҳо чор нафар ҳалок шуданд (илова рўйхати рақами 2).
Дар ин амалиётҳо сержант Сафаров А. ва ефрейтор Мардонов Л. барои гирифтани ордени “Шараф” дараҷаи сеюм пешбарӣ шуданд.
Дар охирҳои моҳи апрели соли 1942 армияи 33 бо роҳи ҳуҷум дарёи Уграро убур карда, ба самти шаҳри Киров ҳаракат кард.
Ҳангоми убури дарёи номбурда ефрейтор Мардонов Л. сахт ярадор шуда, ба яке аз госпиталҳои ҳарбии шаҳри Кисловодск барои табобат фиристода шуд ва пас аз шифоёбӣ то моҳи октябри соли1944 хизматро дар ҳайати дигар қисми ҳарбӣ давом дод. Инчунин ҳангоми убури дарёи Угра як нафар (рўйхати рақами 3) бе ному нишон гум шуд… Махсус дар атрофи номи ҳамин шахс фикру ақидаҳои мухталиф мавҷуданд. Агар доири ин шахс пурратар маълумот гирифтанӣ бошед, метавонед ба бойгонии КБД СССР муроҷиат намоед. Боқимонда чор нафар (рўйхати рақами 4) баъди анҷоми ҷанг бо зафар ба зодгоҳ баргаштанд.
Директори архив Волкогонов.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо