Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муфаттиш мактубро бори дигар аз назар гузаронида, ба рўйхати рақами 3 нигарист. “Сангов Теша… Сангов Теша” гуфт ў ва гўё чизе ба ёдаш омада бошад, даст ба гўшаки телефон бурд…
– Ало…
– Капитан Абдумаҷидов гўш мекунад.
– Акбаршоҳ, вақт дошта бошед, меомадед, як суҳбат мекардем, – гуфт Сабоҳат Сафарзода ва гўшакро ба ҷояш гузошта, ба андеша рафт:
«Наход Сангов Теша бобои келини ман бошад. Не, не!
Охир бибии Санавбар холаи Маърифат шавҳарашро ҷавонмарди нотарсу ҷасур таъриф мекард. Гуфта буд, ки дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудааст ва ҳатто хати сиёҳаш омадааст. Хотирашро пос дошта, тамоми умр сарашро ба болини дигар кас нагузошт ва ягона фарзандаш Муҳибҷонро тарбия кард, то номбардори падар бошад…»
– Мумкин– мӣ? – гуфтани Абдумаҷидов муфаттишро аз банди андешаҳо раҳо кард.
– Ҳа, марҳамат дароед.
– Акбаршоҳ ба курсӣ нишаста, саволомез ба Сабоҳат Абдуллоевна нигарист. Сафарзода мактуби аз бойгонӣ омадаро ба дасти ў дод.
– Ҳа, дар Қувваҳои мусаллаҳ ҳам нисбат ба Сангов Теша изҳори ташвиш кардаанд, – гуфт Абдумаҷидов коғазро ба муфаттиш баргардонд ва илова кард. – Пас чаро мо беташвиш бошем?
– Чӣ бояд кард?
– Дурусттар бояд кор барем. Пешниҳоди Бойгонии Марказӣ боиси дастгирист.
– Рафту қотил дигар кас бошад?
– Дар он вақт доғ аз рўйи Сангов Теша бардошта мешавад.
– Ба бойгонии КБД мактуб нависем?
– Беҳтараш ин корро ба воситаи КБД Тоҷикистон иҷро кунем, тезтар ҷавобашро мегирем.
– Яъне чӣ хел?
– Сардори Шўъбаи корҳои дохилӣ полковник Амириён дўсти генерал Ҷобиров аст. Агар ў ба Ҷобиров занг зада илтимос кунад, зуд ҷавобашро мегирем…

пешина
аз 408
навбатӣ