АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Онҳо барои маслиҳат ба назди Амириён даромаданд. Вале бо димоғи сўхта аз кабинети ў баромаданд. Амириён розӣ нашуд, ки ин таклифро бо Ҷобиров маслиҳат кунад. Ин вақт садои занг баланд шуд. Ҷобиров занг зада, шикоят кард, ки ўро намепурсаду хабар намегирад. Амириён узр хоста, ваъда дод, ки минбаъд доим пурсон мешавад. Вақте Ҷобиров пурсид, ки ягон хизмат нест, Амириён дарҳол таклифи Сабоҳат Абдуллоевна ва Акбаршоҳро расонд. Ҷобиров онро бо қаноатмандӣ қабул намуда, хайрўхш кард…
... 16 …
Аз маҷлиси таъҷилӣ сардори контрразведка бо димоғи сўхта баромад. Генерал Ҷобиров дар маҷлис баромад карда, оид ба камбудиҳо сухан гуфт ва масъалаи ба вазифаи пасттар гузаронидани ду нафар сардорони шўъбаро ба миён гузошт.
Вале сардори раёсат полковник Сиддиқӣ ҳамаи камбудиҳоро бар дўши худ гирифт ва зердастонашро аз ҷазо раҳонид. То кунун фикру ақидаи баъзеҳо нисбат ба ў дигар хел буд. Акнун ҳама нишастагон ба ҷавонмардии вай қоил шуданд…
Мирзо Сиддиқӣ ҳамагӣ як моҳ пеш баъди сардори контрразведка таъйин шуданаш ба КБД омада буд. Ҳама дар он ақида буданд, ки ў мутахассиси ин соҳа нест ва дар зери нақораи дигарон рақс мекунад. Вале аз ин суханрониҳо ва таклифҳои ба миён гузоштааш маълум шуд, ки кори разветкаро аъло медонад. Ў таҷрибаи калони ҳарбӣ ва дипломатӣ дошт.
Солҳои зиёд дар яке аз корпусҳои дипломатӣ дар хориҷа вазифаи атташеи ҳарбиро иҷро мекард. Забонҳои русӣ ва англисиро низ аъло медонист.
Аксарият ўро ивазкунандаи ҷойи раис (Ҷобиров дар назар аст) медонистанд. Бино бар ин муносибат ҳам ҳар хел буд.
Ҳасудон ҳам зиёд буданд, лаганбардорон низ кам набуданд.
Сиддиқӣ бошад, ба ин аҳамияте намедод… Ҳафтаи охир аз он дар ташвиш буд, ки чаро объект ба радиоалоқа намебарояд. Ў ба ин амалиёт номи рамзии «Сел» гузошта буд ва дар чор гўшаи шаҳр автомашинаҳои дорои стансияҳои мавҷқабулкунанда дошта, ноайён гузошта шуданд ва агар радиоалоқаҳои минбаъда аз 15 дақиқа зиёдтар давом мекарданд, имконияти хуби ошкор кардани он муҳайё мегардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо