Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаби 30 август дастгоҳҳои мавҷӣ соати 03:20 дақиқа аз нав радиоалоқаро ба қайд гирифтанд. Ҳамоно барои иҷрои амалиёти ”Сел” огоҳӣ дода шуд. Автомашинаҳо аз камингоҳ берун шуда, оҳиста – оҳиста дар кўчаҳои ороми шаҳр ба ҳаракат даромаданд. Яке аз автомашинаҳо, ки дар квадрати муқобили ҷойи аввала ҷойгир буд, квадрати доду гирифти радиоалоқаро барқарор кард. Сиддиқӣ, ки он шаб дар идора буд ва ба амалиёт роҳбарӣ мекард, тамоми қувваро барои иҳота кардани радиуси мазкур сафарбар кард. Баъди 15– дақиқаи додугирифт автомашинаи аввала дар зери иморати нўҳошёнае қарор гирифт. Алоқачи ҳамоно додугирифташро давом медод. Ба ҷойи амалиёт худи сардори Раёсати контрразведка омад. Мувофиқи нақшаи таҳияшуда биноро иҳота карданд ва қисме аз хизматчиён вориди он гаштанд. Дар дақиқаи бистум дастгоҳҳо хомўш шуданд. Квадрати аниқи ҷойи додугирифт ин болои боми хонаи нўҳошёна буд, ки автомашинаи мавҷӣ дар зераш қарор дошт. Интизорӣ тўл кашид, вале аз болои бом касе нафаромад. Хизматчиён ба даричае, ки иморатро ба бом мепайваст, наздик шуда, онро тела доданд, аммо дарича маҳкам буд. Лозим омад, ки онро шикананд. Чун болои бом баромаданд, марди дар ҳаррос мондаро дучор омаданд. Ў алоқачӣ буд.
– Не, хобатонро ба об гўед, лаънатиҳо!– гўён алоқачӣ чизи тайёри дар дасташ бударо ба даҳон андохт. Яке аз хизматчиён ба тарафи ў давид, вале ҳанўз то ба наздикияш нарасида, алоқачӣ афтид. Вақте даҳонашро кушоданд, дар зери дандонҳояш пораҳои шикастаи шишаро диданд. Алоқачӣ дигар ба ёрӣ мўҳтоҷ набуд. Ў ҷон дода буд…
Дар ҷойи воқеа мухобира ва қоғазпораҳои сўхтаеро ёфтанд. Аз чунин ранг гирифтани воқеа полковник Сиддиқӣ тамоман сару калобаашро гум карда буд, чунки ягона гиреҳи дар даст доштаро барбод доданд.
Сардори контрразведка нағз мефаҳмид, ки алоқачӣ як бозичаи хурдест дар ин амалиёти бузург ва ҷосуси асосӣ ўро бо мақсади аз байн бурдани изи худ қурбон кардааст…

пешина
аз 408
навбатӣ