Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мақтулро ба мурдахона (морг) фиристода, полковник дар бораи анҷоми амалиёт гузориш дод. Ҳама ба идора баргашта, мунтазири дастурҳои нав шуданд…
Субҳ медамид…
Ҳамаи “манзара”– и шабонаро ў аз ошёнаи ҳафтуми бинои рў ба рў, ки алоқачӣ ҷо гирифта буд, мушоҳида кард. Чун ҷисми беҷони алоқачиро ба нақлиёт бор карданд ва автомашинаи мавҷию хизматчиён атрофи биноро тарк карданд, ў низ аз паси пардаи тиреза дур шуда, худро болои кати оҳанине, ки дар як кунҷи хона ҷойгир буд, партофт.
Албатта, душвор буд, вале чӣ илоҷ барои амон мондани сар, дар чунин сину сол ба иҷрои ҳама гуна супориш маҷбур буд, ки ҳама гуна кулоҳро бардорад…
Ба марги алоқачӣ рухсат додани резидент, ки дирўз боз ба ин ҷо омада буд, табъи ўро бештар хира кард. Акнун ў ба ихтиёри резидент гузашт. Ба воситаи алфавити шахсии ў бори охирон алоқачӣ барои гум кардани изи онҳо ба алоқа баромад.
Вай дигар алфавити хешро низ надошт. Мўйсафед шахси ба об ғарқшудаеро мемонд, ки соҳилро надида, дар талоши ҷон дастак мезанад.
Оҳиста– оҳиста хона равшан мешуд, ки аз омад– омади субҳ дарак медод. Ҳама ҳамсолони ў дар ин лаҳзаҳо барои адои намози бомдод хеста буданд, вале вай аз ҳамаи ин корҳо фориғ буд. Он чи ки дар ҷавонӣ аз падар омўхта буд, кайҳо фаромўш шуданд…
Ҳарчанд чашмонашро пўшид, вале хобаш наомад.
Вохўрии дирўзаро бо резидент пеши назар овард… Танҳо маротибаи сеюми ба ҷойи вохўрӣ рафтан резидент худро ошкор сохт. Гург гургро дар шаби тор мешиносад, гуфтагӣ барин онҳо ҳам дақиқаҳои аввали ба осорхона дохил шудан ҳамдигарро диданд ва лаҳзаи муносиберо интизор шуда, ба “тамошо” пардохтанд…
Ниҳоят дар яке аз золҳо, ки ҳатто назоратчӣ ҳам надошт, рў ба рўйи ҳамдигар омаданд. Аввалин шуда резидент паролро* гуфт. Тешаи Санг бошад, ҷавоби паролро дод ва сипас онҳо рўзномаҳои дар дасташон бударо иваз карда, аз

*Парол – номи шаб.

пешина
аз 408
навбатӣ