Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бино бар он ки бе иҷрои як хоҳиш ба дигараш гузаштан маън буд, аъзоёни комиссияи ҳукуматӣ оид ба иҷрои ҳукм ба ҷуз баҳоронро интизор шудан дигар чорае надоштанд…
Чун баҳор фаро расиду Рафоэл дастагуле чид, ҳайати комиссия талаб кард, ки ў хоҳиши дуюми хешро гўяд.
– Ман мехоҳам лижатозӣ кунам.
– О, ҳаминро зимистон гуфтан лозим буд, – гуфт марди тоссаре, ки дар суд вазифаи айбдоркунандаи давлатро бар дўш дошт.
– Ҳеҷ гап не, ман ба ягон ҷо шитоб надорам, – гуфт Абрамович.
Комиссияи ҳукуматиро ба ҷуз интизорӣ дигар чорае набуд.
Чун зимисон фаро расиду Рафоэл дар лижа хело тохтутоз намуд, комиссия хоҳиши охирони ўро донистан хост.
– Ман мехоҳам, ки бандаро паҳлўи Михаил Сергеевич Горбачёв ба хок супоред.
– Горбочёв –ку ҳоло намурдааст, – гуфт кадоме аз аъзоёни комиссия.
– Ҳеҷ гап не, – гуфтааст Рафоэл Абрамович. – Сабр мекунам…
Сабоҳат латифаро ба итмом расонда чойники электрикиро аз ҷараёни барқ ҷудо карда, дар ду пиёла қаҳва тайёр намуда, назди Сендеров ва Сорбони Ҳомид гузошт.
Лаҳзае пас Абдуҷаббори Ислом меҳмонро гусел карда ҳардуро ба утоқи кориаш даъват кард…

Дар симпозиуми Алма Ато иштирок накардани намояндаи Тоҷикистон, ки бояд аз рўйи нақшаи пешбинишуда баромади номзади фанҳои техникӣ Давлат Боқиевро дар мазўи «Истифодаи нурҳои офтоб замина барои иваз намудани стансияҳои обии барқӣ дар шароити Осиёи Марказӣ» мешунид, табъи иштирокчиёнро хира кард.
Маҳз дар ҳамин бора телеграммаи эътирози садорати симпозиум ба номи академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон омад ва субҳи рўзи чоршанбе он ба дасти роҳбари Пажўҳишгоҳ, доктори илмҳои физика Камолиддинов расид.

пешина
аз 408
навбатӣ