Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳаёт Алиевич пас аз хондани нома занги дар паҳлўи мизи корӣ буданашро зер кард ва лаҳзае пас котиба ба наздаш даромад.
– Чаро Давлат Боқиевич ба Атма Ато нарафтааст, – ба тарафи котиба ҳатто нимнигоҳе накарда пурсид Камолидинов.
– Чӣ хел нарафтааст? – ба ҷойи ҷавоб суол дод котиба.
– Ана, ҳамин хел, – гуфт директор ва телеграммаро ба тарафи котиба дароз кард.
Котиба дилу бедилон боз чанд қадам гузошта, ба назди мизи директор омада телеграммаро гирифта ба он чашм дўхт…
– Худоё худаш чӣ гап, ҳеҷ чизро намефаҳмам?
– Чиро намефаҳмӣ, рафта фаҳмед, ки чаро ў ба симпозиум нарафтааст ва гап занед, ки беҳтараш аризаашро навишта бо хоҳиши худ аз кор равад. Ба ман чунин корманде ки обрўйи Институтро дар арсаи байналхалқӣ паст мезанад, лозим нест…
– О, вай рафтагӣ.
– Чӣ хел рафтагист?
– Ҳамин хел рафтагист.
– Аввал рафта утоқи кориашро бин, пас гап зан.
– Дирўз ман ҳамсари вайро дидам, пурсид, ки Давлат Боқиев оё ба институт занг назадааст, ман гуфтам, ки не.
Ҳамсараш ҳам хавотир буд.
– Пас ў дар куҷост?
– Надонам, – китф дар ҳам кашида гуфт котиба.
Камолиддиновро мисли оне, ки қувваи барқ зада бошад яку якбора парида аз ҷой хеста берун баромад. Тахминан баъди даҳ дақиқа ў аз нав ба утоқи кориаш баргашт ва котибаро низ ба он ҷо хонд.
– Зевархон, он кас дар утоқи корашон нестанд, дар лабаратория ҳам касе дар куҷо буданашро намедонад, ҳама гумон доранд, ки Давлат Боқиевич дар Алма Атост, худам ҳам акнун роҳгум задам, намедонам ба куҷо муроҷиат намоям.
– Ба ҷуз милиса боз ба куҷо ҳам муроҷиат мекардем? – гуфт котиба.
– Беҳтараш ман худам ба Раёсати корҳои дохилии шаҳр меравам…
– Ман занг задани Шуморо интизор мешавам Ҳаёт Алиевич.

пешина
аз 408
навбатӣ