АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

«Ба кампир чӣ шуда бошад? Чаро ў дар бораи зинда будани шавҳараш гап зад?» – аз дил гузаронд Сабоҳат.
Кампир мактуби секунҷа дар даст вориди хона шуд ва онро ба дасти Сабоҳат дод. Ин ҳамон мактубе буд, ки дирўз онро ба Муҳиб нишон дода буд. Аз рўйи мўҳри он таърихи фиристодани мактуб моҳи маи соли 1942 буд. Сабоҳат номаро хонда, онро боз ба дасти кампир дод ва пурсид, ки оё аз дадои Муҳиб ягон расме боқӣ мондааст ё не?
Акнун мо бегона не, Сабоҳатҷон. Ба ҳар ҳол Тўйчӣ риштаест, ки оилаҳои моро ба ҳам пайвастааст. Ба гуфте, гўшту нохун шудаем ва то ҳанўз гўштро аз нохун касе ҷудо накардааст. Он солҳо мо дар Чинор зиндагӣ мекардем.
Тирамоҳи соли 1942 коркунони НКВД ба хонаи мо омада, ҳамаро кофтуков карданд. Ҳамаи мактубу расмҳои дар хона бударо бо худ гирифта бурданд ва то тамомшавии ҷанг хонаи мо ҳамеша дар зери назорат буд. Раҳматӣ, хушдоманам, ба ин истинтоқ ва назорати доимии НКВД тоб наоварда, бо олами ҳастӣ падруд гуфт. Пеш аз маргаш ў маро ба сари болинаш хонда гуфт: «Духтарам, Маърифат, ман бахти писар ва ту бахти шавҳар надоштаӣ. Ба фикрам, Теша аз ҷанг гурехтааст, вале худам ба ин ҳеҷ боварӣ надорам. Ба ҳар ҳол ин деҳаро тарк кун, ба ягон шаҳри калон рав, то шуморо на касе бинаду на шиносад, то ҳамсолони Муҳиб ўро бо дастонашон нишон дода, ана ин писари дизертир* нагўянд», Моҳе пас аз марги хушдоман мо ба Самарқанд кўчида рафтем ва даҳ сол пеш Гулистонро ҷойи зист қарор додем.
Дигар касе аз чинориён моро намешиносад ва Муҳиб ҳам, ки он солҳо чор– панҷсола буд, чизеро дар ёд надорад. Ҳар гоҳ ки Муҳибҷон дар бораи дадааш пурсон мешуд, ман бардурўғ падарашро қаҳрамони ҷанг тасвир мекардам ва ў ба номи падар ифтихор дошт ва ҳама ин солҳо дили ман моломоли дард буд, вале ба хотири Муҳибҷон сир бой надодам. Баъди ин ҳеҷ гоҳ ҳаваси дубора шавҳар кардан ба сарам наомад. Ва танҳо ҳамин мактуб ва расме, ки коркунони НКВД онҳоро бори аввал ҳангоми кофтуков наёфтанд, нишона монд. – Кампир боз
- Дизертир – шахсе, ки аз армия гурехтааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо