АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

узр пурсида, ба хонаи шафат гузашт ва баъди лаҳзае акс дар даст ба назди меҳмон баргашт.
Сабоҳат онро ба даст гирифта, ба акси ҷавоне нигарист, ки чандин сол баъд қотили падараш шудааст… ва илова кард:
– Ба фикрам, ба Муҳиб монанд.
– Ҳа, як себи дукафон, – гуфт кампири Маърифат.
– Рафту агар дар кушода шаваду мўйсафедат вориди ҳавлӣ гардад, ўро мешиносӣ ё не? Охир аз байн чил сол гузашт, – боз нимҷиддию нимшўхӣ суол дод меҳмон.
– Ўро на ин ки баъди чил сол, балки баъди як аср шинохтан мумкин.
– Чӣ хел?
– Чунки дар рўяш доғи кунҷитак дорад. Охир, касе намади сиёҳро бо шустан сафед накардааст…
... 21 …
Устои нав ба сардори таъмиргоҳ маъқул шуд. Ҳамаи корафтодагон мехостанд нақлиёти худро ба назди ў баранд.
Усто марди хушсуҳбат буд. Корафтодагон муздро ба касса аз рўйи нархнома месупориданд. Усто ҳатто аз чойпулие, ки корафтодагон ба дасташ доданӣ мешуданд, рўй мегардонд.
Чунинашро дар таъмиргоҳ касе ёд надошт.
Рафтори ў ғазаби дигар таъмиргаронро овард, вале касе дар ин бора даҳон кушода натавонист ва рўзе, ҳангоми танаффус дар ошхонаи назди таъмиргоҳ Ҷамшед ном устое пиёлаи чойро ба ў дода гуфт.
– Рафиқ Вареников, муаммое дорам, агар ёбӣ, ман як зиёфат қарздор, агар наёбӣ зиёфат аз ҳисоби ту.
– Майлаш, ман розӣ, – гуфт усто.
Ва Ҷамшед муаммояшро изҳор кард:
Чашми занбўри асал парвонаеро диду гуфт:
Ишқи ту охир маро хонавайрон мекунад.
Вареников нияти ҷавоб гуфтан дошт, вале худдорӣ кард.
Фаҳмид, ки дар зери коса нимкосаест ва дигарон аз ў чиро талаб доранд, ки солҳо боз дар ин таъмиргоҳ анъана шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо