АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ва ин муносибати дипломатонаи устоҳо ўро хуш омад, ки гуфт:
– Майлаш зиёфат аз ҳисоби ман ва ҷавоби муаммоятро ҳам ягон рўз медиҳам…
– Ҳа, усто, дар ин бевақтӣ… Уқоб дар рў ба рўяш коргари таъмиргоҳ Ҷамшедро дид.
– Ба ҳамон муаммои ту ҷавоб кофта гаштаам, – хандида гуфт Вареников.
– Зиёфатро хўрдем, ҷавобашро низ аз рўйи корат гирифтем, ташаккур усто.
– Ман– ку барои муаммоят ҷавоб кофта гаштаам, худат дар ин бевақтӣ чаро нахобидаӣ?
– Ман хоб рафта хестам, – бепарвоёна гуфт Ҷамшед. – Ҳоло соат чори субҳ, қариб вақти азони бомдод шуд, ба масҷид рафтан лозим.
– Ба шумо осон, келин дар паҳлуятон, вале ба мо муҷаррадҳо душвортар ва маҷбур мешавем, ки шабгардӣ кунем, – гуфт Вареников.
– Мефаҳмам, мефаҳмам, – сар ҷунбонда гуфт Ҷамшед.
– Субҳ шудааст, биё ба хона даро, чой нўшида меравӣ.
– Ташаккури зиёд, бори дигар агар шуморо дар чунин субҳи содиқ бинам, ҳатман медароям, – гуфт Вареников ва андешамандона роҳашро давом дод:
– Савор чӣ парвои пиёда дорад. Ту Ҷамшед дар хонаи обод, ҳамроҳи зану фарзандонат аз куҷо ҳоли дили маро медонӣ. Ҳатто тасаввур карда наметавонӣ, ки дар хандаи ман чи қадар дардест ниҳон. Аз куҷо медонӣ, ки ман тамоми шаб нахобида, барои Марказ ахбор тайёр кардам ва соате пеш онро оварда, дар қароргоҳи пинҳонӣ, дар сурохи чинори сари роҳ барои курер гузошта омадам. То бегоҳи рўзи дигар он порчаи қоғаз, ки дар он танҳо рақам сабт гардидааст, бояд ба дасти атташеи ҳарбии сафоратхонаи дар Маскав будаамон расад.
Мўйсафед бошад, гумон дорад, ки ман барои ў алоқачӣ меҷўям.
Аз куҷо донад, ки як сол боз устои таъмиргар ҳастам. Ҳатто пай набурд, ки пеш аз вохўрии ў ман мактуби Марказро ба воситаи курер гирифтам ва ду рўз дар гўшае дуртар аз музей ўро зери назорат гирифтам, то боварӣ ҳосил накардам, ки аз қафояш назорат нест, ба ў наздик нашудам. Аз рўйи мактуби гирифтаам, Ставка ахбори маро дар бораи ин заводи зормонда интизор аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо