АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Бо чунин ёваре, ки пой бар лаби гўр мондааст, ахбор ҷамъ кардан магар осон аст. Як супориши оддиро то ҳанўз иҷро накардааст, пас аз куҷо ахбор ёбад. Наход ҳама он қадар серу пур бошанд, ки долларро назарашон нагирад. Ин советиҳо дар таблиғот устухон надоранд. Шабу рўз ба воситаи ахбори умум таблиғоти зидди капиталистиро мекунанд. Эй, садқаи номи капиталист шавед, дар бисотатон нони хўрдан надореду аз гулўи Моргану Рокфелер доштанӣ мешавед. Аз ҳамдигар тамаъ дореду аз давлат не. Ҳамин Ҷамшед ҳам бо муаммояш маро барои гирифтани чойпулӣ ҳидоят кард. Охир, имконият доранд, ки музди меҳнаташонро аз давлат талаб кунанд. Ҳама даст ба сина мезананд, ки патриоти ватанем.
Толстой ҳам гуфтааст, ки «Ватандўстӣ ҷойи охирон фирори нокасон аст». Ин суханон баъди ғалабаи болшевикҳо кайҳо моҳияти худро гум кардаанд. Дар ин ҷо аз хурдӣ ватандўстиро тарбия мекунанд, дар Ғарб бошад аз хурдӣ роҳи пулёбиро меомўзонанд...
Ў банди ин андешаҳо то хона пиёда омад. Ҳарчанд субҳ дамида буд, худро болои бистар партофт. Лаҳзае пас хобаш бурд…
... 22 …
Соати даҳ Абдумаҷидов ба прократура омада вориди утоқи муфаттиш шуд.
– Оҳҳо, киро мебинам? Тамоман камнамо шудед– ку? Ё Амириён ҳамроҳи дархост шуморо ба Маскав фиристонда буд?
– пурсид Сабоҳат Сафарзода.
– Қариб ки ҳамин хел.
– Дирўз занг задам, набудед.
– Ба мактаб рафта будам, рўзи Дониш будаст.
– Тавба, дар рўзи Дониш ҳам милиса даркор будаст?
– Не, духтарчаи ҳамсояро бо хоҳиши бибияш ба мактаб бурдем.
– Ин гапи дигар, бечора духтарча падару модар надоштаст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо