АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Падару модараш дар санатория, то ҳоло барнагаштаанд... Пас аз нисфирўзӣ ба идора омадам, вале дар машварати сардор будам.
– Хўш машварат чӣ хел гузашт?
Акбаршоҳ нусхаи мактуби КБД– ро ки дар асоси дархост аз Бойгонӣ гирифта буданд, ба муфаттиш дароз карда, илова намуд, ки оид ба ҳамин мактуб плани ҷустуҷўию оперативӣ тартиб додем.
Сафарзода пас аз мутолиаи қоғазҳо гуфт, ки дар чунин ҳолат нишонаҳои махсуси ҷинояткорро навиштан лозим, дар он ҳолат доираи кофтуков хурдтар мешавад. Эҳтимол Сангов чунин нишонаҳо надоштааст, аз ин рў онро қаӣд накардаанд.
– Баръакс Сангов нишонаҳое дорад, ки...
– Чӣ хел?
– Дар ин чанд рўзе ки шумо аз қафои ҷавоби Бойгонӣ гаштед, ман ҳам баъзе маълумотҳо дарёфт намудам. Теша Санговро дар охирҳои соли 1942 НКВД дар зодгоҳаш ҷустуҷў кардааст. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин, ки ў аз армия гурехтааст.
– Пас чаро солҳои минбаъда ўро ҷустуҷў накарданд?
– Чи хеле ки аз мактуби Бойгонӣ бармеояд, аз охирҳои соли 1944 дигар дар бораи вай хабаре нест. Эҳтимол ўро мурда пиндошта, дафтари аъмолашро варақ назадаанд. Охир чунин касон кам буданд?
– Акнун чӣ мешавад?
– Ба фикрам КБД аз нав дафтари Санговро варақгардон мекунад.
– Чаро?
– Чунки дар дархост навиштаем, ки ўро ҳамчун қотил ҷустуҷў дорем. Бино бар ин, онҳо акнун кўшиш мекунанд, ки пеш аз мо дастгираш намоянд.
– Онҳо аллакай ўро ҷустуҷў доранд ва аз мо ҳам хоҳиш карданд, ки рафту аввал мо ўро ошкор намоем, дар дастгир намуданаш шитобкорӣ накунем.
– Ба кадом мақсад?
– Ба ақидаи онҳо Сангов танҳо нест, балкии шомили гурўҳҳои ҷосусӣ– диверсионист, ки ба манфиати ягон давлати Ғарб амалётҳои разветкавӣ мегузаронанд. Бинобар ин мехоҳанд, ки аввал аз қафои Сангов назорат бурда, нақшаи алоқаашонро муайян намоянд ва пас агар чунин гурўҳ бошад, яку якбора ҳамаашонро дастгир созад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо