Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фикри беҷо не, вале онҳо ягон асосе барои ин доранд?
– Аввал ин ки Сангов дар тамоми ҳуҷҷатҳо ҳамчун хоин қайд шудааст. Барои ҳабси ў ҳамин кофист. Дуввум ин ки Сангов марди ҳамакораест ва дар муддати кутоҳи дар ин ҷо будан ҳам мо ва ҳам КБД– ро ба ҷунбиш овардааст. Барои мо ў қотил буд ва ҳамин тавр мемонад. Мо ўро дастгир мекунем, ё КБД барои тафтишот фарқ надорад. Мақсади ягона ин аст, ки ҳарчи зудтар дастгир шавад, то боз ба хонадоне ғаму андўҳ наорад. Аммо барои дастгир кардани вай нишонаҳои махсусаш лозиманд. Он нишонаҳоро на ман медонаму на КБД ва аз шумо Сабоҳат Абдуллоевна хоҳиш мекунам, ки калидро ба мо диҳед.
– Чӣ шумо маро аз амалиёт дур карданиед?
– Ҳаргиз не! Шумо роҳбари амалиёт будед ва мемонед.
Ин ҳуқуқи шумо дар моддаи 45 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.
– Баъди анҷоми ҳамин парвандаи ҷиноятӣ моддаи 45– ро гузошта меравам.
– Ба куҷо меравед?
– Ба нафақа, охир синну солам ба ҷое расид.
– Не, ҳоло барвақт аст. Аз ҷавоби саволи асосӣ дур рафтед, нагуфтед, ки Сангов чӣ нишонаҳо дорад.
– Ў дар рўяш доғи кунҷитак дорад. Акнун, писарам, ҳамаи аппарати ёрирасонатро*, ба фикрам чунин аппарат шумо доред, барои ёфтани мўйсафеде, ки дар рўяш доғи кунҷитак дорад, сафарбар намоед.
Сабоҳат Сафарзода дар бораи вохўрии дирўзаашон бо ҳамсари собиқ аскари қаторӣ Сангов Теша – холаи Маърифат нақл кард.
– Ба фикрам ин бозёфти шумо аз ҳамаи бозёфтҳои Бойгонӣ низ арзиши бештаре дорад ва маҳз аз рўйи ин нишонаи махсуси ҷинояткор мо метавонем ба амалётҳои муфид гузарем.
– Ман ҳам дастгири шумо ҳастам, – гуфт Сабоҳат Сафарзода ва аз ҷой бархоста бо Абдумаҷидов хайрухуш

*Аппарати ёрирасон – коркуни ғайриштатӣ, агент.

пешина
аз 408
навбатӣ