АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

намуд. Чун Акбаршоҳ аз дар баромад, ў то хеле вақт бо худ андеша намуда, суханони холаи Маърифат ва хоби дидаи ўро ба ёд овард: “Духтарам, хонадон ва авлоди моро бадномие дар пеш аст”. Ё тавба, хоб ҳам ба ин дараҷа рост мебаромадааст...
... 23 …
Мўйсафед тайи чанд рўз дар атрофи заводи Н. чун тортанак давр гашт. Гаштугузори ў ҷойи тааҷҷуб ҳам надорад.
Ў дар ин ҷо бо ихтиёри худ не, балки бо амри хоҷагонаш омадааст ва тавре Уқоб гуфт, дар боло (Ставка) аз ў умеди калон доранд… Ин ҳама даву тозаш ҳам ба он хотир аст, ки хоҷагонаш аз ў розӣ бошанд ва дар давоми чил соли охир баҳри амон мондани сараш дар зери нақораи онҳо «рақс»
кардааст ва имрўз низ омодаи чунин «рақс» аст. Ба дигар тарафаш кор надорад, ки оқибати ин даву този ў бо чӣ меанҷомад, фақат худаш дар амон бошад, яъне «Гўр сўзаду деги қаландар ҷўшад». Ҳарчанд торҳои дар давоми ин чанд рўз танидааш то ҳанўз бор наовардаанд, вале мўйсафед умедашро накандааст… Беҳуда ба ў лақаби Роҳсоз надодаанд. Ў дар давоми умраш чи ному лақабҳое нагирифт. Ҳамаи он ному лақабҳо танҳо ба як мақсад, пинҳон кардани номи модарзоди ўст, пинҳон кардани номест, ки бо он ба ҳимояи Ватан рафта буд, вале ба ҷойи ҳимоя ба Ватан хиёнат кард ва дар талоши ҳифзи ҷон номро аз даст дод. Ҳарчанд, ки ў дар интихоби «кадрҳо» таҷрибаи кофӣ дорад, вале аз чӣ бошад, вақтҳои охир, пешравие дар кораш мушоҳида намешавад. «Мегўянд, ки ризқи одамизод дар охири умраш кам мешавад, наход умри ман ҳам ба поён расида бошад?»– аз дил гузаронд мўйсафед…
– Бале, ҳақ ба ҷониби туст, Тешабой! Ба умри ту ҳам рўзҳои башумор мондааст, – нидо омад аз қалбаш.
– Ой, лаънатӣ, сад бор гуфтам, ки «ба ҳар ош қатиқ нашав!»– ғунгос зад мўйсафед.
– Мурдан амри ҳақ аст ё инро ҳам инкор карданиед? – ба ҳуҷум гузашт қалбаш. – Акнун вақти дарави киштат омадааст ва ҳар он чӣ ки киштаӣ, ҳамон хел ҳосил мегирӣ. Ҷав кошта, интизори дарави гандум шуданат маънӣ надорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо