Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ аз ҳамин суханони талху шўрат намондӣ, – абрў кўргиреҳ кард Роҳсоз.
Магў нохўш, ки посух нохўш ояд, Ба кўҳ овози хўш деҳ, то хўш ояд.
–Ба васвасаи шайтон дода шудаӣ. Астағфируллоҳ гўй, шайтонро аз худ дур соз! – илтиҷо кард мўйсафед…
Аз дарвозаи завод ду нафар берун шуданд ва чанд лаҳзае гапзанон карда, хайрухўш намуданд. Як нафараш ба автомашина савор шуд ва сигналро зер кард…
– Ҳозир , шеф!– гўён ронанда ба тарафи автомашина давид ва лаҳзае пас муҳаррикро ба кор андохта, автомобилро ба ҳаракат даровард. Чун автомашина аз назар ғоиб шуд, шахси дуюм ба қаҳвахонае, ки дар рў ба рў воқеъ гаштааст, даромад.
Мўйсафед ҳам аз қафои ў вориди қаҳвахона гашт. Ҳарчанд ҷойҳои холӣ зиёд буданд, ў ба назди мизе рафт, ки шахси аз завод баромада нишаста буд ва аз ў рухсати нишастан пурсид:
– Марҳаммат, шинед.
– Ташаккур, – гуфт мўйсафед ва дар рў ба рўйи он мард нишаст.
– Бобо, мусофирнамоед, касеро ҷустуҷў доред? – пурсид мусоҳибаш.
– Ҳа, писарам, мо аз Самарқанд омадаем, Як ҷиянамон дар ҳамин завод кор мекардааст, гуфтам ҳамон касро дида равам.
– Кӣ будааст, ҷиянатон?
– Номаш Ғанӣ, номи падараш Валӣ, – дурўғ гуфт мўйсафед.
– Не, намешиносам. Ба фикрам, Ғанӣ дар ин завод кор намекунад.
– Чӣ, шумо ҳамаро мешиносед? – боз пурсид мўйсафед.
– Ҳамаро не, вале аксариятро мешиносам.
– Шояд ба ман суроғаи ҷойи корашро нодуруст дода бошанд? Як бор худатон медидед, писарам.
– Майлат, мебинам.
– Пас ман Шуморо чӣ хел ёбам? Охир бало пирӣ, исми шарифатонро ҳам напурсидам…
– Ман, Акрамов Адҳам – сармуҳандиси завод.

пешина
аз 408
навбатӣ