АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ман, Алиев Бозор, – худро муаррифӣ кард мўйсафед. – Хайр, тасаддуқи номатон шавам, писарам, ҳамин ҷияни маро як бинед, соатҳои ҳафт меоям, ниҳоят кори зарур дорам, – гўён мўйсафед аз ҷой хест.
– Мо соати панҷ корро тамом карда, ба хона меравем, барвақттар биёед.
– Кўшиш мекунам, агар имконият нашуд, соати дувоздаҳи шаб ба воситаи қатора ба Самарқанд меравам.
– Майлат, ба хона занг занед ва дар пораи коғазе рақами телефони хонаашро навишта, ба муйсафед дод.
– Маъзур доред, писарам, ки корам бисёр, вақтам кам, – гўён мўӣсафед аз қаҳвахона берун шуд…
– «Акнун ба назди Уқоб рафтан даркор», – аз дил гузаронд мўйсафед ва ба тарафи истгоҳ роҳ гирифт.
Аз автомати назди истгоҳ, бо телефоне, ки Уқоб барои ҳолатҳои оҷилӣ дода буд, Варениковро пурсид. Духтараке, ки гўшакро бардошт, гуфт:
– Каме сабр кунед, ҳозир Варениковро ҷеғ мезанам…
Вареников гўш мекунад.
– Духтур барои истеъмоли доруҳое, ки барои холаатон фиристода будед, рухсат надод, – гуфт мўйсафед. Ин гуфтушуниди рамзӣ маънои онро дошт, ки ҳатман вохўрдан лозим.
– Ба духтур гўед, ки барои хола кадом доруҳоро тавсия медиҳад ва зудтар аз пайи дарёфти онҳо шавед. Ин маънои онро дошт, ки дар хонаи консперативӣ интизори омадани ман шавед...
Мўйсафед ба автобус нишаста, ба ҷойи вохўрӣ рафт.
Баробари вориди хона шудан шунид:
– Хўш, ягон ситорае ба замин афтид ва ё офтоб самти ҳаракаташро дигар кард, ки бо сигнали СОС* ба алоқа баромадед?
- СОС – сигнали байналхалқиест, ки барои наҷот додани киштиҳои дар баҳр ба фалокат дучоршуда дода мешавад ва аз забони англисӣ гирифта шуда, маънояш «Ҷони моро наҷот диҳед» мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо