Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чунин муносибати шеф мўйсафед дудила шуд. Дар ҳақиқат то ҳанўз ў ба «бозёфти» худ баҳои мусбат надода буд ва намедонист, ки Уқоб ба он чӣ мегўяд. Ва ў дар бораи вохўриаш бо сармуҳандиси заводи Н. нақл кард.
Уқоб ба ў нигариста, ибтидо чӣ гуфтанашро надонист.
Фикр кард, ки дар ҳақиқат мўйсафед девона шудааст, охир чунин вохўрии оддӣ, ки аз он ягон умеде нест, магар барои ба алоқаи оҷилӣ баромадан сабаб шуда метавонад? Хост аз ҷояш хеста, адаби ин мўйсафедро нағзакак диҳад, вале мўйсафед аз авзои парешони Уқоб фаҳмид, ки кор на ба он шакле рух дод, ки ў мехост ва «илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ» гўён ба сухан сар кард. Уқоб маҷбур шуд, ки то охир ўро гўш кунад.
– Ҳарчанд ин халқ молу сарвати зиёд мисли ғарбиён надоранд, вале дар ватандўстӣ касе ба онҳо баробар шуда наметавонад.
– Шаф– шаф накарда, шафтолу гуфта мон, – сухани ўро бурид Уқоб.
– Ин мардум ба долларҳои ману ту туф кардаанд ва ҳеҷ гоҳ барои пул шуда, ба Ватан хиёнат нахоҳанд кард.
– Инро аввал санҷидан даркор.
– Санҷидам, бо одамон дар ин бора суҳбат доштам.
– Ту ақлатро хурдӣ магар?
– Ҳаргиз не, шеф. Ҳамаи суҳбатҳои ман бо мардум характери рамзӣ доштанд ва касе аз мақсади аслии ман пай набурд ва он чи ки дар дил доштанд, гуфтанд.
– Пас, кафолат медиҳӣ, ки онҳо барои пул шуда ба Ватан хиёнат намекунанд?
– Ҳаргиз ман чунин кафолат дода наметавонам. Албатта, ҷангал бе хор нест, вале ёфтани чунин шахсон вақту соати зиёдеро талаб мекунад.
– Агар чунин кафолат медодӣ, ту аз боварии ман мебаромадӣ.
– Мефаҳмам, – сар ба зер афканд мўйсафед.
– Чӣ пешниҳод доред?
– Ягон нафар аз фарзандони Акрамовро гарав гирифта, ба ў талабот ва шартҳои худамонро монем, – гуфт мўйсафед.

пешина
аз 408
навбатӣ