Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ин ба гуфтан осон. Дуздидани одам дуздидани сўзан не!
Акрамов ҳамоно ба милиса дар бораи гум шудани фарзандаш хабар медиҳад, ана баъд ёбеду гиред!
– Телефони хонаи Акрамов дар дасти ман, баробари дуздидани фарзандаш мо ба ў телефон карда, талаботи худро мемонем ва ба хотири зинда мондани фарзандаш ў ба ягон ҷо хабар намедиҳад.
Онҳо дар рўйӣ нақшаи чӣ тавр амалӣ гардондани ин амалиёт майна об карданд…
... 24 …

Рамзнависҳо як чанд калимаи матннҳоро аз қабили «Уқоб», «Мўйсафед», «Роҳсоз», «Амалиёт», «Шеф», «Варианти дуюм»… кушоданд. Матни радиоалоқаи аввала ба номи «Шеф» дода шуда, дар охираш «Мўйсафед» имзо гузошта буд.
Ба матни дуюми радиоалоқа, ки ба номи «Шеф» ирсол шуда буд, «Уқоб» имзо дошт, махсус дар ҳамин матн калимаи «Варианти дуюм»– ро низ кушоданд ва он шаҳодат медод, ки ҷосусон ба ягон намуди дигари алоқа гузаштаанд. Сардори контрразведка ба калимаҳои кушодашудаи ҳарду матн шинос шуда, фикру мулоҳизаҳои худро таври хаттӣ ба номи раиси Комитет пешниҳод кард.
Раиси Комитет ба гузориши хаттии Сиддиқӣ, ки ба воситаи котибот ба дасташ расида буд, шинос шуда, сардори контрразведкаро ба наздаш хонд.
Баъди чанд дақиқа Сиддиқӣ рухсат пурсида, вориди утоқи кории генерал шуд.
– Хўш, рафиқ Сиддиқӣ, агар дастгир намудани радиоалоқачӣ бо ҳамин минвол давом кардан гирад, ба нафақа баромадани ман ҳам ба гумон аст.
– Охир, худи Юрий Владимирович ин ҳодисаро ба зери назорати шахсӣ гирифтааст.
Сиддиқӣ дарк мекард, ки масъулияти калоне ба дўши генерал афтида ва барои пеш нарафтани кор Марказ, албатта, мўйи сари Ҷобировро шона намезад.
– Шуморо мефаҳмам, рафиқ генерал. Раёсати контрразведка ҳамаи воситаҳои техникӣ ва дастгоҳҳои ёрирасониро барои кушодани ин гиреҳ сафарбар намудааст. Хабари гирифтаамонро омўхта ва санҷида истодаем, вале то имрўз натиҷаи дилхоҳ дар даст надорем.

пешина
аз 408
навбатӣ