АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ба замми ин радиоалоқачиро ҳамчун қотили ду нафар милиса низ ҷустуҷў дорад. Дар ин бора нақшаи якҷояи корҳои ҷустуҷўйӣ тартиб дода шудааст, вале қотил ё худ ҷосус низ таҷрибаи бойи кор ва зиндагӣ дорад…
– Шахсияти мақтулро муайян кардед?
– Қариб ба 60 дарсади хабарномаҳои фиристодаамон ҷавоб гирифтем, вале то ҳанўз натиҷае нест.
– Матни пурраи радиоалоқаро кай интизор шавем?
– Рамзнависҳо дар болои онҳо майна об карда гаштаанд ва ба фикрам, дар вақтҳои наздик онро мекушоянд.
– Ба марра мо наздикем ва ё милиса?
– Ба фикрам милиса.
– Чаро?
– Чунки онҳо қотилро меҷўянд, на ҷосусро ва байни ин ду калима фарқест аз замин то осмон, ба замми ин мардум ба милиса алоқаи наздиктар доранд.
– Чӣ, ба идораи мо омадан магар махфист?
– Албатта, мардум ба идораи мо ҳам рафту омад доранд, вале ба шахсе, ки аз идораи мо мебарояд ва ё дар гирду атрофи он давр мезанад, тарзе нигоҳ мекунад, ки гўё аз КБД не, балки аз беморхонаи касалиҳои венерикӣ баромадааст…
– Ҳеҷ гумон надоштам, ки аз забони сардори контрразведка чунин суханонро мешунавам.
– Ҳақиқат – талх, вале дар асл ҳамин хел аст, рафиқ генерал.
– Оё сабабҳои дигаре ҳаст, ки мардум аз мо канорҷўӣ кунад?
– Мардум ҳеҷ гоҳ аз мо канораҷўӣ нахоҳанд кард, дар ҳолате агар фаҳманд, ки кор ба манфиати бехатарии давлат нигаронида шудааст, вале дар лаҳзаҳои аввал мардум ба кадом умур муроҷиат карданашонро намедонад ва рост ба милиса меравад. Чунин ҳолатҳо дар таҷрибаи кори КБД кам нестанд.
Ин пеш аз ҳама, аз он сабаб аст, ки мурофиаҳои судӣ аз рўйи парвандаҳои ҷиноятие, ки милиса тайёр мекунад, ошкоро дар иштироки мардум мегузаранд ва айбдоршаванда гуноҳи худро дар байни мардум пурра ё қисман ба гардан гирифта, ҷазо мебинад. Аз ин нигоҳ милиса ҳамеша дар мадди назари мардум аст, вале баръакси ин мурофиаҳои судии мо ба манфиати ошкор насохтани сирри давлатӣ дар паси дарҳои пўшида мегузаранд ва мардум, қариб, ки аз натиҷаи кори мо огоҳ нестанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо