Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Боз кадом сабабҳоро номбар карда метавонед?
– Аз ҳама ташвишовараш ин тарғиби мамлакатҳои ғарб аст. Онҳо бо тамоми овоз ҷор мезананд, ки дар мамлакати болшевикҳо демократия нест, озодии сухан поймол шудааст ва мардум ҳамеша дар зери назорати КБД мебошад. Барои исботи ин фикрҳо ғарбиён бо роҳҳои пинҳонӣ ба СССР китобҳо мефиристанд ва қисме аз мардум ба чунин ташвиқотҳои бардурўғ бовар мекунад…
Акнун, ки милиса ба марра наздиктар аст, ҳамроҳи Амириён якҷоя амалиёт гузаронед, вале манфиати бехатарии давлатро дар мадди аввал гузоред…
– Хуб шудааст, рафиқ генерал, рухсат диҳед равам!
– Барори кор мехоҳам, – гуфт Ҷобиров.
Вақте, ки Сиддиқӣ аз дар берун шуд, генерал суханони ўро бори дигар дар тарозуи ақл баркашид ва ба хулосае омад, ки аз ў дида шахси болаёқатеро барои иваз кардани ҷояш намебинад ва гўшаки телефонро барошта, бо ВЧ* ба Марказ гап зад.
– Қабулгоҳи раис гўш мекунад.
– Ман, Ҷобиров.
– Ҳозир, рафиқ генерал, Шуморо пайваст мекунам.
– Алло.
– Юрий Владимирович, ман Ҷобиров.
– Шуморо гўш мекунам, рафиқ генерал.
– Азбаски Шумо талаб намудед, то ман барои иваз кардани ҷоям шахсеро тавсия надиҳам ба нафақа баромада наметавонам, барои ҳамин занг задам.
– Ҳамин хел, рафиқ генерал, мо метавонем худамон ягон касро таъйин намоем, вале кадрҳои маҳаллиро касе аз Шумо хубтар намедонад ва тавсияатон танҳо ба манфиати кор аст.
Хўш, кӣ будааст?
– Полковник Сиддиқӣ.

  • ВЧ – намуди алоқаи ҳукуматӣ.
пешина
аз 408
навбатӣ