Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Сардори контрразведка?
– Бале, Юрий Владимирвич?
– Ў аввал ба ман радиоалоқачиро ёфта диҳад, пас ба сари ин масъала бармегардем. Дигар номзади иловагӣ доред?
– Не!
– Боз чӣ масъала?
– Дигар чизе нест
– Хўш бошед!– гўён Юрий Владимирович гўшакро ба ҷояш гузошт…
... 25 …

Адҳам Акрамов ба завод баргашта, ба ҷустуҷўйи ҷияни мўйсафед падохт, вале аз ў нишонае пайдо накард. Дар шўъбаи кадрҳо ба ў хабар доданд, ки чунин шахс ҳеҷ гоҳ дар заводи Н.
кор накардааст. Соатҳои шаши бегоҳи ў ба хона баргашта, ҳамсараш Муқаддасро бо чашмони ашколуд дид.
– Ба ту чӣ шуд, чаро гиря кардаӣ?
– Фирўзро дуздиданд?
– Чӣ хел дуздиданд, шояд ҳамроҳи ҷўраҳояш бозӣ карда гашта бошад?
– Афсўс, ки ин хел нест, – гўён лаҷоми гиряро сар дод Муқаддас.
– Ба милиса занг задӣ?
– Не,
– Чаро ?
– Чунки ин талаб ва шарти дуздон аст.
– Боз чӣ хел талаб будааст?– пурсид Акрамов.
– Намедонам, гуфтанд, ки боз занг мезананд, бо шумо гуфтугў карданианд.
– Дар ин лаҳза занги телефон садо дод…
– Акрамов гўш мекунад.
– Писарбачаатон дар дасти мо, агар ўро зинда дидан хоҳед соати 24 дар километри 11– уми шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор шуморо интизор мешавем. Шумо бояд дар автомашинаи шахсии худатон, ки тамға ва рақами давлатиаш ба мо маълум аст, ба ҷойи вохўрӣ биёед. Фақат бе нағма, аз худатон гила кунед…Сипас, аз гўшак овози Фирўзи шашсоларо, ки «дада, дадаҷон!…» гуфт, шунид ва бо ҳамин садо қатъ гашт.

пешина
аз 408
навбатӣ