Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар пешонаи Акрамов донаҳои арақи сард пайдо шуданд.
Ў мақсади шахсонеро, ки Фирўзро дуздида буданд, нафаҳмид.
Агар ба онҳо пулу мол даркор мешуд, албатта, мегуфтанд, вале мақсадашон чизи дигар аст ва якбора дар куҷо кор карданашро ба ёд оварда, дилаш таҳ кашид…
– Мақсади онҳо чӣ будааст?– ниҳоят баъди гўшакро ба ҷояш мондан пурсид зан аз шавҳар.
– Маълум нест.
– Шояд дар ин бора бо ягон кас маслиҳат кунем.
– Ҳама гуна, ҳаракати мо ҳаёти Фирўзро ба хатар мемонад.
– Охир мо овоза намекунем– ку ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд, – гуфт Муқаддас.
– Ба фикри ту кӣ ба дарди мо дармон мешавад?
– Шавҳари Наташа.
– Кадом Наташа?
– Шавҳари ҳамкори мо Абдумаҷидова, ҳамоне ки дар зодрўзи Фирўзҷон ба хонаамон омада буд.
– Милиса?
– Худи худаш.
– Ҳоло ўро аз куҷо ёбем?
– Телефонаш ҳаст, аз хонаи ҳамсоя рафта телефон мекунед?
– Ман телефон кунам? Охир ў маро мумкин фаромўш карда бошад?
– Ба хонааш занг зада, хоҳиш мекунӣ, ки шавҳарашро ёфта, ба хонаи мо фиристад.
– Акрамов ба хонаи ҳамсоя рафта, занг зада баргашт.
Пас аз як соат Акбаршоҳ вориди хонаи Акрамов гашт ва аз воқеаи ба сари ин хонадон омада огоҳ шуд. Чун фаҳмид, ки Акрамов дар заводи Н. кор мекунад, аз ў хоҳиш кард ҳаракатҳои ҳафтаи охирашро дақиқа ба дақиқа ба ёд биёрад.
Акрамов ҳамаи саргузашти ҳафтаи охирро, ки қариб якранг буданд, ба ёд овард ва вохўрии имрўзаашро бо мўйсафеди самарқандӣ қисса кард ва илова намуд, ки бояд занг занад…
– Ў телефони шуморо аз куҷо медонад?
– Худам дар порчаи коғазе телефонро ба ў додам.

пешина
аз 408
навбатӣ