Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Сипас, Акрамов шакли зоҳирии мўйсафедро гуфта дод ва илова кард, ки ў дар рўяш доғи кунҷитак дорад.
Абдумаҷидов кӣ будани мўйсафедро фаҳмид, вале сир бой надода изофа кард:
– Ба ҳамаи шартҳояш розӣ шав. Пас аз вохўрӣ ба хонаи мо занг зан!…
Абдумаҷидов ба утоқи кории Амириён рафт.
– Ман гумон кардам, ки Санговро аз гиребонаш гирифта, ба милиса овардаӣ, – баробари вориди кабинет шудани Акбаршоҳ гуфт сардор.
– Сангов кўдаки шашсолаеро имрўз ба гарав гирифтааст, – гуфт капитан.
– Чаро дар ин бора навбатдор ягон чиз нагуфт?– шўрид Амириён ва хост, ки навбатдорро ҷез зада танбеҳ диҳад.
– Чунки навбатдор ҳам аз ин воқеа хабардор нест.
– Пас шумо аз куҷо медонед?
Акбаршоҳ қиссаи хонаводаи Акрамовро аз як сар ҳикоя кард.
– Рафту вай Сангов набошад?
– Мўйсафеде, ки имрўз барои ҷустуҷўи ҷиянаш дар қаҳвахонаи паҳлўи заводи Н. ба Акрамов муроҷиат кардааст, Сангов мебошад.
– Чӣ, шумо магар акси Санговро дар даст доред?
– Аксашро надошта бошам ҳам, вале нишонаеро аз ў медонам, ки дар ягон ҳуҷҷати бойгонӣ дарҷ нашудааст.
– Чаро дар ин бора ба ман нагуфтед?
– Чунки худам ҳам намедонистам.
– Пас, чӣ хел ва аз куҷо дар ин бора маълумот гирифтед?
– Маълумотро аз сарчашмаи аввалаи тафтишот гирифтам.
– Аз Сабоҳат Абдуллоевна?
– Бале, рафиқ полковник.
– Чӣ будааст он нишонаи «қимматнок»?
– Сангов дар рўяш доғи кунҷитак дорад.
– Дар ин бора шумо аз Акрамов пурсидед ё ў худаш гап зад?
– Акрамов худаш нақл кард.
– Гумон мекунед, ки мўйсафед ба ҷойи вохўрӣ меравад?
– Не ба вохўрӣ дигар кас меравад.

пешина
аз 408
навбатӣ