АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Бигузор халқ бо чашми худ бубинад, ки барои хоину қотил дар ин мамлакат ҷой нест ва замини ин ҷо қувваи бардоштани чунин носипосонро надорад…
Ҷобиров ба онҳое, ки ба манфиати давлаташон ҷонро ба хатар монда, хизмат мекарданд, эҳтироми махсус дошт.
Саргузашти Рихард Зорге, Абел, Максим Исаев, Илёс Базна ва ҳатто Отто Скорсенӣ таҷассумгари диловарӣ ва матонат ба халқу Ватан буданд ва ҳар хонандаро барои ҷоннисорӣ дар роҳи садоқат ҳидоят менамуданд. Вале ин ҷо баръакси ҳол аст.
Ҳаракатҳои ноҷавонмардонаи Тешаи Санг ба рафтори генерал Власов* монанд буданд ва чунин хиёнатро ҳеҷ гоҳ Ватан намебахшад…
– Ман равам, рафиқ генерал? – гуфтани Сиддиқӣ Ҷобировро аз банди андешаҳо берун кард.
– Гўш кунед, рафиқ Сиддиқӣ, шахсан нисбат ба разведкачиёни хориҷа, ки дар дохили мамлакати мо ҳастанд чӣ ақида доред?
– Агар онҳо шаҳрванди хориҷӣ бошанд ва аз рўйи вазифа ба манфиати давлати худашон ҷонро дар хатар монда бошанд, эътирофашон мекунам ва новобаста аз амали содиркараашон ба чунин шахсон эҳтиром ҳам дорам. Вале ба шахсоне, ки мисли Тешаи Санг ба манфиати дигар давлат хизмат мекунанд, нафрат дорам ва ҳамеша ба онҳо лаънат мехонам.
– Бале, полковник, аз нафрати халқ дида, ҷазои сахттаре нест ва ҳатто марг низ дар пеши он ҳеҷ аст ва тамоми чораҳоро андешед, ки хоини Ватанро зинда дастгир кунед…
Котиба рухсат пурсида, мактубу аризаҳои дар давоми рўзи гузашта дохилшударо оварда, болои мизи кории раис гузошт.
Сиддиқӣ аз нав рухсати рафтан пурсид, вале раис гуфт, ки боз каме сабр кунад ва худ ба азназар гузаронидани мактубу аризаҳо пардохт...
– Ана, ин барои шумо, – гуён генерал як қоғазеро ки худаш хонда баромад, ба дасти Сиддиқӣ дод. Полковник ба мутоила шурўъ кард:
*Власов – хоини Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо