АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон
КБД, ба генерал Ҷобиров.
Раёсати КБД РСФСР дар ҷумҳурии Бошқирдистон дар асоси мактуб ва сурати ба он илова кардашуда аз 1. 09... ки ба суроғаи мо фиристодаед, ҷавоб медиҳем, ки мақтул шаҳрванди шаҳри Уфа Хайров Анвар Рафилович, соли таваллудаш 1958 буда, муддати ду моҳ боз бе ному нишон гум шудааст. Ўро РКД шаҳри Уфа ҳамчун шахси бе ному нишон гумшуда ҷустуҷў дорад. Дар бораи вай дигар ягон маълумот надорем.
Сардори Раёсат полковник Ахмедов М. А
– Дидед, ду моҳ ҷустуҷў кардаанд, – гуфт генерал қоғазҳоро як сў гузошта, ана, натиҷаи ҷустуҷўятон...
– Ба фикрам гуноҳи ҷўяндагон нест, «Сагро марги сагона»,
– гуфт полковник ва бо рухсати генерал аз дар баромад...
Баъди чор шабонарўз Акрамов «супориш»– ро иҷро карда, дар ҳузури Сиддиқӣ ва Абдумаҷидов ба Вареников занг зад.
– Духтараке бо овози маҳин алло гуфта ҷавоб дод.
– Ба ман усто Вареников даркор, – гуфт Акрамов.
– Сабр кунед ҳозир ҷеғ мезанам...
– Ҳа ман Варенков, шуморо гўш мекунам.
– Холаатон илтимос кард, ки овардани доруро фаромўш накунед, – гуфт Акрамов.
– Вақтам нест. Худатон ягон илоҷ карда, ба ў дору бурда диҳед, – гўён Вареников гўшакро ба ҷояш гузошт. Аз гўшаки дар дасти Акрамов овози «гуд, гуд, гуд…» меомад.
– Гўшакро ба ҷояш монед, – хандида гуфт Сиддиқӣ.
Акрамов аз сардори контрразведка дастур гирифта, ба ҷойи вохўрӣ шитофт. Сиддиқӣ ва Абдумаҷидов ба КБД омада, амалиётро ба зери назорат гирифтанд.
– Диққат, ман Марказ. Ба ҳамаи иштирокчиёни амалиёти «Сел»! Чанд лаҳза пеш «Сайд» – и рақами якум ба ҷойи вохўрӣ рафт. Аз ҳамаи дидбонгоҳҳо мепурсам, ки рафти ҳаракати «Сайд»– ро бо резидент ба зери назорат гиред. Қабул.
– Ин дафъа ба вохўрӣ кӣ меомада бошад?– бо тааммул пурсид Сиддиқӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо