АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Омадани Шеф ба гумон аст. Аз эҳтимол дур нест, ки резидент худи Вареников буда, мўйсафед ёвари ўст. Қатли алоқачӣ низ маҳсули кори Вареников аст. Ба фикрам, имшаб Вареников бо мўйсафед вомехўрад. Акрамовро мўйсафед истиқбол мегирад, – гуфт Акбаршоҳ Баъди ним соат Акрамов аз хонаи конспиративӣ берун омад.
– Марказ, ман чорум, ба алоқа бароед!
– Чорум, Марказ дар алоқа, шуморо гўш мекунам.
– Марказ, объекти якум аз ҷойи вохўрӣ баромад. Супориши минбаъдаи шуморо интизорам. Қабул.
– Чорум, ман Марказ, ба объект халал нарасонед, хонаро ба зери назорат гиред. Чӣ хел фаҳмидед? Қабул.
– Марказ, ман чорум, шуморо фаҳмидам. То алоқа!
– Объекти якумро худамон пешвоз мегирем, – гўён Сиддиқӣ аз ҷой бархост ва ҳамроҳи Абдумаҷидов ба заводи Н.
роҳ пеш гирифтанд.
Акрамов нав вориди утоқи корӣ шуда буд, ки Сиддиқӣ ва Абдумаҷидов ҳам расиданд.
Вохўрӣ чӣ хел гузашт?
– Бад не, рафиқ полковник. Ҳа, панҷсад фунт– стерлинг ҳам доданд, – гўён Акрамов пулҳои гирифтаашро бароварда болои миз гузошт.
– Пулҳоро аз кӣ гирифтед?– пурсид Абдумаҷидов.
– Аз дасти ҳамон мўйсафеде, ки кофтукови ҷиянашро ба зиммаи ман гузошта буд. Лаънатиро дида, қариб буд буғӣ кунам. Дилам тоқат накард. Ў ҳам ба рўям як мушти обдор фаровард, ана ҷояш, – хандида гуфт Акрамов.
Дар ҳақиқат қисми поёни чашми Акрамов сиёҳ шуда буд.
Мўӣсафед ҳам боқувват будааст.
– Баъд пурсид: ку плёнка? Гуфтам: ҳамагӣ панҷ кадр гирифтам, пулҳоро барор, баъд медиҳам. Ў як баста чунин пулҳоро ба ман нишон дода, боз ба ҷайбаш андохт ва гуфт, ки то плёнкаро набинад, пул дода наметавонад. Ман розӣ шуда, плёнкаро ба дасташ додам. Ў ба хонаи шафат гузашта, қариб бист дақиқа пас баргашт. Ба фикрам, дар он ҷо ў плёнкаро ба дору монд ва чун боварӣ ҳосил кард, ки арзише доранд, ба наздам баргашта, бе ягон баҳс ба дастам ҳамин пулҳоро нашумурда дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо