Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пулҳоро гирифта хаёл кардам, ки вуҷудам оташ гирифт. Ў авзои маро пай бурду хандида гуфт: Парво накунед, ҳамааш мегузарад, бори якум ҳамеша ҳамин хел…
– Акнун гурўҳи дуюм ҳуҷҷатҳоро бо ҳамроҳи Додарҷонов омода созед. Пулҳоро ҳамчун далели шайъӣ ҷамъ намоед, – гуфт Сиддиқӣ.
– Мўйсафед аз хона набаромад. Дар ин бора дидбонгоҳи чорум ҳар соат ба Марказ хабар медод. Соатҳои даҳи шаб Вареников, ки ҳангоми додугирифти радиоалоқа ҳамчун объекти дуюм ёдовар мешуд, ба хонае, ки ҳамагӣ чанд соат пеш Акрамов ташриф оварда буд, омад. Дидбонгоҳи чорум дар ин бора ба Марказ хабар дод.
– Назоратро пурзўр намоед, – гуфтанд аз Марказ.
– Сиддиқӣ, ки сардори амалиёт ҳисоб мешуд, даҳ автомашинаи гуногунтамғаро ба мураббаъи мазкур фиристод.
Дар яке аз онҳо Абдумаҷидов менишаст ки дар як вақт сарварии амалиётро дар маҳал ба ўҳда дошт, рақами шартии ў «бистум» буд.
– Интизорӣ ниҳоят тўл кашид. Соатҳои се моҳтоб фурў рафт. Аз дидбонгоҳҳо ба воситаи «Асбоби назорати шабона»
хонаро ба зери назорат гирифтанд. Ниҳоят, соати сею панҷоҳ дақиқа Вареников аз хона берун омад…
– Диққат, ба ҳама, ман бистум! Ба самти ҳаракати объект халал нарасонед, назоратро давом диҳед. То алоқа!. .
Вареников аз байни хонаҳо гузашта, ба роҳи калон баромад ва самти ҳаракаташро тағир дода, ба тарафи шимол гашт. Чун ба истгоҳи охирон расид, назди чанори азим лаҳзае ба гирду атроф нигарист ва сипас чизеро аз киса бароварда, хело ҷунбуҷўл намуд ва боз дасташро ба ҷайби пеш бурда, чизи дигареро баровард ва дохили чинор ҷо кард.
Баробари дамидани субҳ Вареников ба хонааш омад.
Дидбонгоҳи ҳаштум дар ин бора ба Марказ хабар дод.
– Диққат, ман Марказ. Ба ғайр аз дидбонгоҳҳои чорум хонаи конспиративӣ, ҳафтум хонаи Вареников, ҳаштум чинори истгоҳ ва дидбонгоҳҳои иловагии дувоздаҳум, автомашинае, ки аз қафои Вареников назорат мебарад, сенздаҳум автомашинае ки аз қафои мўйсафед назорат мебарад, ба дигарон отбой*.
*Отбой – табли бозгашт задан.

пешина
аз 408
навбатӣ