АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

... 34 …
Соатҳои даҳи пагоҳӣ мўйсафед аз хона баромада, ба тарафи истгоҳ рафт. Дидбонгоҳи чорум дар ин бора ба Марказ хабар дод. Сенздаҳум объектро дар истгоҳ қабул кард. То алоқа мўйсафед дар рў ба рўйи боғи марказӣ фаромада, аз телефон – автомати истгоҳ ба куҷое занг зад. Гуфтугў чунон кўтоҳ буд, ки ҳатто шахси назораткунанда имконияти то пеши телефонҳо омаданро наёфт.
Мўйсафед аз дўкони газетафурўшӣ чанд газетае харида, вориди боғ шуд. Боғро хеле давр зада, бозии бачаҳоро дар чархофалак бо завқ тамошо кард. Аз назди чархофалак ба яке аз ошхонаҳои боғ ворид шуда, тановули нисфирўзӣ намуд ва аз боғ баромад. Дар ин давом бо касе ба алоқа набаромад.
Сипас, дар истгоҳ ду таксиро сар дода, ба сеюмаш нишаст ва ба тарафи қабристони шаҳрӣ рафт. Ў дар қисми шарқии қабристон хело давр зада, дар назди чанд қабр истод. Ба назар чунин менамуд, ки навиштаҷотҳои дар санг кандашударо мехонад. Баъдан дар паҳлўи як қабр нишаста, фотеҳа хонд ва ноайён қоғазпечеро аз таги санг гирифта, ба бағал зад ва саросемавор аз сурохии девори қабристон берун шуд…
Вақте ки назоратчӣ аз қабристон берун омад аз мўйсафед ному нишоне надид. Ў ба сўйи автомашинаи назди даромадгоҳи асосӣ давида, ба ронанда хабар дод.
– Аблаҳ, – гуфт ронанда ва зуд аз автомашина баромада, ба ҳамон тарафе, ки назоратчӣ нишон дода буд, раҳсипор шуд.
Вай ҳарчанд гирду атрофро аз назар гузаронд, вале аз мўйсафед нишонае наёфта, ноумед ба назди автомашина баргашт…
– Марказ, ман сенздаҳум, ба алоқа бароед! Қабул.
– Сенздаҳум, ман Марказ, шуморо гўш мекунам. Қабул…
– Марказ, ман сенздаҳум, соати 1643 дақиқа дар мураббаъи …объект аз зери назорати мо гум шуд…
– Сенздаҳум, чӣ гуфтед?
– Соати 1643 дақиқа объект аз зери назорати мо гум шуд…
– Сенздаҳум, ман Марказ, ба идора баргардед…
– Диққат, ман Марказ! Танҳо барои чорум ва ҳафтум.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо