АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Объекти рақами се соати 1643 дақиқа дар мураббаъи …
шаҳрӣ аз зери назорат баромад. Ў ба суроғаҳои маълум меравад. Чӣ хел фаҳмидед? Қабул.
– Марказ, ман чорум, шуморо фаҳмидам. То алоқа.
– Марказ, ман ҳафтум, шуморо фаҳмидам. То алоқа.
Баробари аз сурохии девори қабристон баромадан мўйсафед барои нигоҳ доштани автомашинае даст бардошт. Омади корро бинед, ки ронанда дар пеши ў истод ва дарро кушода, пурсид:
– Мўйсафед, то куҷо?
– То марказ, – гуфт мўйсафед ва бо ишораи дасти ронанда ба автомашина нишаст. Нақлиёт аз назар ғоиб шуда буд, ки «назоратчӣ» пайдо шуд, вале …
– Бобо, аз куҷо баргаштед?– пурсид ронанда.
– Аз қабристон.
– Чӣ хел, аз қабристон?
– Ана, ҳамин хел.
– Чӣ ягон хешатон…
– Не худам.
– Аз он дуньё омадам, гўйед?
– Ҳаргиз ин хел нагуфтам, писарам, як фотиҳа хонда баргаштам.
– Ман гумон кардам, ки …
– Гумонҳои бад чӣ лозим?– гўён азми фаромадан кард.
– Чӣ, аллакай расидед?– пурсид ронанда.
– Ба ҷойи гуфтаам нарасидам, вале як кори дигар ба ёдам омад, ки ҳатман иҷро кардан лозим, дар ҳамин кўча.
Ронанда автомашинаро наздикии истгоҳ нигоҳ дошт.
Мўйсафед фаромада, аз байни хонаҳо равон шуда, аз кўчаи калон баромад ва дар автобуси дигаре нишасту то маҳалаи 46– ум омад. «Бозёфт» – и аз қабристон гирифтаашонро дар рўзномае чунон моҳирона печонида буд, ки бинанда онро «савғо» гумон мекард. Мўйсафед ба фурўшгоҳи ғизоворӣ даромада, харид карду роҳи хонаи иҷоравиашро пеш гирифт…
... 35 …
Соати 0245 дақиқа аз хонаи охирин марде баромада, ба тарафи истгоҳ омад. Гарчанде дар гирду атроф касе наменамуд, ў дар истгоҳ хеле таваққуф намуд ва танҳо баъди ин ба чанор наздик шуда, муддате дар гирди он ҷунбуҷўл кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо