АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Сипас чизеро аз дохили он гирифта, ба киса андохт ва оҳиста аз истгоҳ дур шуда, ба тарафи хона рафт. Дар ин муддат ду нафар аз назоратчиёни яке аз ҳайатҳо, ки шоми ҳамин рўз ба ёрии дидбонгоҳи ҳаштум омада буданд, ба хона наздик шуданд ва баробари баргаштани мард аз «саёҳат» ба кадом хона даромадани ўро муайян намуданд. Дар ин бора дидбонгоҳи ҳаштум ба Марказ хабар дод.
Марказ ба воситаи «Бюрои суроғаҳо»– и ВКД ҳамоно шахсияти соҳиби хонаро муайян кард. Хона ба номи Князева Анастасия Андреевнаи 72– сола қайд шуда буд. Баъдтар маълум шуд, ки дар хона ғайри ў касе дар қайд нест. Соати шаши саҳарӣ «сайёҳ»– и шабона аз хона баромад ва боз ба тарафи истгоҳ рафт. Дар даст ҷомадоне дошт ва маълум буд, ки ба ягон роҳи дур рафтанист. Дидбонгоҳи ҳаштум дар ин бора ба Марказ хабар дода, барои дастгир кардани ў рухсат пурсид.
Марказ қатъиян зид баромад ва амр намуд, ки назоратро дурусттар ба роҳ монанд. «Сайёҳ» ба таксие нишаста, ҷониби маркази шаҳр рафт. Автомашинаҳои дидбонгоҳи ҳаштум аз қафои ў шуданд…
«Сайёҳ» рост ба фурудгоҳ омада, вориди қаҳвахона гардид ва як стакон қаҳва нўшид. Сипас, ба зали интизории фурудгоҳ рафта, ба курсие нишаст ва ба хондани рўзномае пардохт…
Вақте, ки радиои дохили фурудгоҳ барои бақайдгирӣ ва супоридани бағоҷ мусофирони рейси 631– ро даъват кард, «сайёҳ» низ аз қафои онҳо навбат гирифт. Дар ин муддат яке аз васиён, ки «сарпарастиашро» ба ўҳда дошт, шахсияташро муайян намуд. «Сайёҳ» Спиридонов Михаил Карпович будааст. Дар ин бора ба Марказ хабар дода шуд. Барои гусели «меҳмон» худи Сиддиқӣ ҳамроҳи ду нафар ба фурудгоҳ омаданд. Спиридонов, ки дар берун сайругашт дошт, ноайён аксаш гирифта шуд. Автомашинае, ки дар он суратгир менишаст, бо суръати тез ба КБД омад ва то парвози тайёра расмҳоро оварда, ба дасти гуселкунандагон дод.
– То лаҳзаҳои охирини парвоз ҳамеша ду– се ҷойи холӣ мемонанд, – гуфт Сиддиқӣ ва чиптаҳоро ба дасти ду кормандаш дода, бори дигар онҳоро ҳушдор дод ва номаи чанд лаҳза пеш навиштаашро низ ба дасти яке аз гуселкунандагон дода, гуфт, ки дар Домодедово онҳоро пешвоз мегиранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо