АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Чун самолёт аз замин бархост, Сиддиқӣ ба идора баргашта, назди Ҷобиров даромад ва бобати рафти амалиёт маълумот дод.
Лаҳзае пас чунин барқия ба воситаи телетайп ба Маскав фиристонда шуд.
Москва,
КБД, Ба Раис.
«Субҳи имрўз бо хатти сайри 631 Душанбе– Москва шаҳрванд Спиридонов Михаил Карпович, ки вазифаи курери кадоме аз давлатҳои хориҷиро ба ўҳда дорад, дар зери васигии ду корманди мо ному насабашон оварда мешавад бо ҳуҷҷатҳои махфӣ ба самти Шумо парвоз карданд. Мо чунин мешуморем, ки Спиридонов М. К. звенои мобайнии байни гурўҳи дар мо амалкунанда ва Патрон аст, ки вазифаи курерро ба ўҳда дорад.
Аз Шумо мепурсем, ки аз лаҳзаҳои аввал Спиридоновро ба зери «ҳимоя»– и худ гиред ва ба ў имконият диҳед, ки ҳуҷҷатҳоро ба Патрон* супорад…
Генерал Ҷобиров
– Абдумаҷидов дар куҷост?
– Ҳозир аз ман рухсат пурсида, ба шўъба рафт, – гуфт Сиддиқӣ.
– Ўро ҷеғ зада ба ёрии Акрамов фиристед. Акнун амалётро тезондан даркор. Бигузор, гурўҳи дуюм ҳуҷҷатҳоро тезтар тайёр карда супоранд. Ин охирин амалёт аст. Мўйсафедро аз таги замин ҳам бошад, пайдо кунед. То гашта омадани Спиридонов шумо плани чорабиниҳои навро тарҳрезӣ намоед.
Боз як бори дигар Спиридоновро гусел кардан лозим меояд.
Ўро ҳамроҳи Патрон дар Масква дастгир хоҳанд кард.
Албатта, дар амалиёти он ҷо кормандони мо ҳам иштирок мекунанд. Акнун аз паи кор шавед.
Вақте, ки Сиддиқӣ аз идора баромад, офтоби тирамоҳ нурпошӣ дошт. Аз абрҳои дишаба ҳатто нишонае набуд...
- Патрон – ҳомӣ, сарпараст, сардор, хўҷаин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо