АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Садқаи номи парвардигор шавам, ки раҳми бандагонашро мехўрад, вагарна ҳамаи кори марди деҳқон қафо мемонд, – худ ба худ гуфт Сиддиқӣ...
Баъди чор соат «васиёни» Спиридонов аз Маскав занг зада, хабар доданд, ки объектро ба дўстони масковӣ супориданд.
Чун Акбаршоҳ ба КБД омад, Сиддиқӣ дар асоси супориши генерал ўро ба ёрии Акрамов ва Додарҷонов фиристод. Гурўҳи дуюми ҳуҷҷатҳо дар муддати се шабонарўз тайёр шуд, вале гузаронидани амалётро то бозгашти Спиридонов маъқуф гузоштанд. Спиридонов пас аз як ҳафта, баъди супоридани ҳуҷҷатҳо ба Патрон, ба Душанбе баргашт. Ҳар қадами ў акнун зери назорат буд...
Соати 1450 дақиқаи рўзи 12 октябр Акрамов ба Вареников занг зада, хабар дод, ки «Холааш илтимос кардааст, ки овардани доруро фаромўш накунад». Вале ў «Ман вақт надорам, худатон ягон илоҷ карда, ба ў дору бурда диҳед», – гўён гўшакро монд. Ҳамаи ин доду гирифт дар лентаи овоз сабт гардид.
Баъди як соат аз дидбонгоҳи чорум хабар доданд, ки «Сайд»– и сеюм, мўйсафед ба биное, ки онҳо назорат доранд, ворид шудааст.
Бори дигар ба Акрамов дастур дода, костюми наве ки барояш омода сохта буданд, ба танаш пўшонданд. «Бигузор фаҳманд, ки аз пулҳои додагиашон истифода бурдаед», – гуфтанд. Ва Акрамовро бо ҳуҷҷатҳои тайёркарда ба ҷойи вохўрӣ фиристоданд. Дар яке аз тугмаҳои костюми мазкур жучок* ҷой кардаанд. Ин имконият медод, ки тамоми гуфтушуниди Акрамов бо мўйсафед дар масофаи сесад метр ба лентаи овоз сабт карда шавад. Бо ин мақсад автомашинае, ки дар он дастгоҳи махсус буд, ба наздикии хонаи конспиративӣ фиристода шуд. Ҳамзамон телефони хонаи Князева А. А. , ки Спиридонов дар он ҷо маскан гирифта буд, ба зери назорат гирифта шуд.
Тахминан баъди ним соати рафтани Акрамов автомашина додугирифтро ба мўйсафед ба қайд гирифт:
*Жучок – пўки дастисохти электрикӣ ё худ асбобе, ки ба ҷойи микрофон истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо