Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа, омадед?
– Омадам.
– Ҳуҷҷатҳоро овардед?
– Бе онҳо омаданам зарурате надошт.
– О, балое, боз қариб буд, ки маро буғӣ кунед!
– Хайр, ба дил нагиред, хизматҳоятонро асло фаромўш намекунам.
– Майлат, канӣ ҳуҷҷатҳо?
– Ин ҷо даҳ кадри дигар имконият нашуд.
– Проявит* шудааст?
– Не, ман чунин имконият надорам.
– Гузашта шинед, ман ҳозир…
Гуфтугўи онҳо баъди бисту ду дақиқа аз нав оғоз ёфт.
– Шумо ҳам бало! Чӣ хел ин ҳуҷҷатҳоро дастрас намудед?
…
– Ба ҳар ҳол эҳтиёт шарт.
– Мефаҳмам, акнун рафтанам лозим, ман бояд дар ҷойи кор шавам, зудтар ҳисобӣ кунед.
– Ана, шумурда бинед, идораи мо ҳеҷ гоҳ касеро фиреб накардааст.
– Ба шумо бовар мекунам…
– Номи шаб ҳамон. Кўшиш намоед, ки зудтар занг занед.
– Хўш бошед!
– Шумо ҳам.
... 36 …

Соати 2308 дақиқа Марказ хабари дидбонгоҳи чорумро ҷиҳати ба хонаи конспиративӣ ташриф овардани «Сайд»– и дуюм (Вареников) қабул кард. Тамоми қувваҳо аз рўйи сохти дуюми нақшаи амалиёти «Сел» ҷо ба ҷо шуданд…
Шакли дуюми амлиёти «Сел» иборат аз дастгиркунӣ буд.
Дар асоси хабарҳои фаврӣ бо омўхтани майдатарин ҷузъиёт аз қафои Вареников, Мўйсафед ва Спиридонов таҳия шуда буд.
Шакли мазкур се зинаро дар бар мегирифт ва ва ду рўз пеш дар маҷлис гурўҳи хурди фаврии назди раиси КБД тарҳрезӣ шуда буд. Зинаи аввал бо далелҳои раднашаванда дастгир кардани Вареников ва Мўйсафед буд. Бино бар ин, бо хоҳиши сарвари *Проявит – падидор кардан.

пешина
аз 408
навбатӣ