АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

амалёт Акрамов нусхаи ҳуҷҷатҳоро дар ду кассета сурат гирифта, яктояшро ба Мўйсафед ва дигарашро ба дасти сардори контрразведка дода буд. Мувофиқи зинаи дуюм Спиридоновро бо кассета ба Масква фиристондан лозим буд. Ва аз қафояш ду нафар дар амалиёти дастгиркунии ў ва Патрон иштирок мекарданд.
... 37 …
Соати 0403 дақиқа. Моҳ фурў рафт. Замине, ки лаҳзае пеш аз нурҳои ў мунаввар буд, боз ба зери пардаи зулмот монд…
Расо баъди ҳафт дақиқаи торикӣ Вареников аз камингоҳаш баромад. Ў «бум»– еро мемонд, ки рўшноӣ барояш бегона буд.
Вареников гирду атрофро аз назар гузаронида, аз роҳҳои каҷу килеби хонаҳо, ки барояш шинос буданд, гузашта ба истгоҳ омад… Лаҳзае истод, ба ҳама гуна садоҳо гўш дод, торик ҳам бошад, ба гирду атроф чашм дўхт, вале ягон чизеро, ки боиси мушаввашии хотираш гардад, нашунид ва надид… Ў ба чинор наздик шуд ва пўки худсохташро бо нўги кордчааш кушоду қоғазпечеро аз кисаи бағалаш бароварда, ба сўрохии чинор гузошт ва хост дасташро кашида, пўкро маҳкам кунад, вале…
Дастони шахшўле дасташро дар сўрохии чинор доштанд. Хост тоб хўрад, аммо натавонист, чунки дасти дигараш ҳам озод набуд. Бо тамоми қувват, хост гиребонашро ба зери дандон гирад, вале аз мўи сараш маҳкам доштанд.
– Ором шавед, рафиқ Вареников, худкушӣ кори хуб нест!
Мо ба ҳар як тори мўятон ҷавобгарем, – гуфт марди паҳлавонҷуссае, ки ҳанўз дасти ўро дар сўрохии чинор нигоҳ медошт…
– Ку, бачаҳо, гиребони Уқобро бинед!
– Лаҳзае пас аз гиребонаш ампулаеро ёфтанд. Маҳз бо ҳамин ампула Вареников нияти худкушӣ дошт. Баъдтар аз ташхисгоҳ хабар доданд, ки Хайров А. Р. низ маҳз ҳамин гуна доруро истеъмол карда, ба ҳалокат расидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо