Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нағз не, рафиқ Вареников, номатон Уқобу рафторатон ба боша монанд, – гуфт ҳамон марди паҳлавонҷусса ва амр кард, ки он чи ба мағзи дарахт мондааст, худаш берун кунад.
– Варениковро дигар чорае ғайри иҷрои амр намонда буд.
– Чароғаки аккосӣ чандин бор рўйи ўро равшан кард.
Наворбардори «Панасоник» ҳамаи ҳаракатҳо ва суханони Варениковро, ки моли худаш будани қоғазпечро эътироф кард, ба навор гирифт…
– Колаи бад ба соҳибаш насиб кунад. Моли шумо, ки бошад, ба худатон насиб гардад, – ва соҳиби овоз аз кисааш ҳамон гуна қоғазпечеро бароварда, ба мағзи чинор монд. – Инаш барои Михаил Карпович!– гуфт ў ва пўкро ба ҷояш монд.
– Вареников бо чашмони нафратбор ба одамони ношинос нигоҳ мекард. Ў ҳатто тасаввур намекард, ки чунин осон ба даст меафтад…
Мўйсафед чун хирси аз хоб хеста, вазнин – вазнин аз хона баромаду ба мусофиркаш нишаста, ба маркази шаҳр рафт ва аз телефон– автомати назди почта ба куҷое занг зад, ки онро хизмати «Муоинашавандаи пинҳонӣ» ҳамоно ба лентаи овоз сабт кард:
– Алло, Анастасия Андреевна?
– Ҳа, ман.
– Михаил Карпович ҳастанд?
– Ҳа, кӣ мепурсад?
– Геннадий Ларионович.
– Ҳозир.
– Ҳа, ман гўш мекунам.
– Саломатӣ, бачаҳо чӣ хел?
– Ҳама нағз, салом гуфтанд.
– Барои ҷиянчаҳо тўҳфа дорам, бурданашро фаромўш накунед.
– Хуб шудааст…

пешина
аз 408
навбатӣ