АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Мўйсафед гўшаки телефонро ба ҷояш гузошта, дар кўчаҳои шаҳр хело сайругашт кард. Пас ба бозор рафта, харид кард ва дар таксие нишаста, ба маҳалаи 46– ум омад. Борхалтаҳояшро гирифта, бо ронанда ҳисобӣ намуд ва дохили бино шуда, тугмачаи лифтро зер кард. Дар ин лаҳза ду нафари дигар ҳам вориди бино шуда, чун мўйсафед омадани лифтро интизор шуданд. Вақте дарҳо кушода шуданд, се нафар ба он ворид гашта буданд, ки боз як нафари дигар ҳам пайдо шуда, хоҳиш кард лаҳзае сабр кунанд. Шахси охирон тугмачаи лифтро барои ошёнаи нўҳум зер кард.
– Ҳафтумашро ҳам зер кунед, – гуфт мўйсафед бо забони русӣ.
– Хуб шудааст, – гўён ҷавон тугмачаро аз рўйи дархости мўйсафед зер кард. Ду нафари аввал омада, тугмачаи ошёнаи ҳаштумро зер карданд…
Лифт боло мебаромад. Ҳама хомўш буданд. Ниҳоят он дар ошёнаи ҳафтум истод. Мўйсафед борхалтаҳояшро гирифта, берун шуд. Дигарон ҳам думболаи ў берун омаданд. Мўйсафед ба ташвиш афтод ва дарзамон ҳарду борхалтаро ба дасти чапаш гирифта, дасти росташро ба бағал бурд… Акбаршоҳ бо як чолокӣ аз оринҷ ва дасти мўйсафед дошта, онро тоб дод, вале, ба ҳар ҳол, мўйсафед кулангро зер кард. Садои тир хомўшии ошёнаи ҳафтумро халалдор намуд.
Мўйсафед ба дард тоб наоварда, панҷаҳои фишурдаашро, ки тапончаро медошт, кушод ва он оҳиста афтод. Аз зарби тир касе осеб надид. Ҳамсояҳо аз садои баланд хавотир шуда, берун баромаданд ва мўйсафедро бо дастони дар паси пушт занҷирбанд диданд…
– Тинҷӣ– мӣ? Шарм намедоред, ба мўйсафед мечаспед, боз дар дохили бино тир мепарронед?– гуфт зани миёнсоле, ки ҳанўз ба асли воқеа сарфаҳм нарафта буд.
– Аввал як чизро фаҳмед, баъд дод гўед! – гуфт ҳамсояи дигар ба тарафи он зан нигариста…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо