АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– О, лаънатие, боз ман фикр кардам, ки… – гўён он зан абрў ба ҳам кашид…
– Ба хона медароем, рафиқ Сангов?– гуфт Акбаршоҳ.
– Ин мўйсафед тоҷик будаст– ку! То ҳол аз даҳони ў ягон калимаи тоҷикӣ нашунидаем. Мо ҳама ўро Геннадий Ларионович гуфта, муроҷиат мекунем, – боз ба сухан даромад ҳамон зан.
– Ман Самойлов Геннадий Ларионович, бовар накунед, ана ҳуҷҷатам, – ниҳоят ба сухан даромад мўйсафед...
Бо иштироки холисон, ки акнун бе ягон даъват омада буданд, таппончаи мўйсафедро санад тартиб дода гирифтанд.
Абдумаҷидов аз автомашинаи беруни ҳавлӣ ба воситаи мухобира ба Марказ алоқа барқарор карда, аз анҷоми амалиёт хабар дод…
Баъдтар дар рафти кофтуков дар хонаи Мўйсафед, ў – Сангов Теша, ў – Генрих Смитт, ў – Самойлов Геннадий Ларионович ва ў – Роҳсоз як қатор ҳуҷҷатҳо ва асбобҳои ҷосусиро пайдо карданд. Дар хонаи Вареников низ ҳамчунин.
Субҳи рўзи 14 октябр Акбаршоҳ Абдумаҷидов баъди «гусел»– и Спиридонов ба Москва, аз фурудгоҳ рост ба прокуратура омад ва хост Сафарзодаро аз анҷоми бомуваффақияи амалиёт огоҳ намояд. Дар даромадгоҳи бино бо ў вохўрд, ки бо табъи болида аз зинаҳо поён мефаромад.
– Тинҷӣ– мӣ, Сабоҳат Абдуллоевна?
– Ҳа, тинҷӣ, аз хона телефон карданд, ки келинро ба таваллудхона бурданд, шитоб дорам…
Акбаршоҳ дари мошинро кушод. Сабоҳат Абдуллоевна ба мошин нишаст ва дарро напўшида, бо табассуми малеҳ ҷониби капитан нигарист ва насиҳатомез изҳор кард:
– Писарам, муҳим нест, ки инсон чӣ қадар умр мебинад, муҳим он аст, ки ин умрро чӣ хел мегузаронад: баманфиат ё беманфиат? Барои фарзандоне, ки акнун ба дунё меоянд, мо ҷавобгарем. Зеро ҳар нафаре, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, ҳанўз инсон нест ва ҳар паррандае, ки дар фазо бол мекушояд, ҳанўз уқоб нест. Ман ин гапро нагуфтаам, ин гапро бузургони мо гуфтаанд…
Акбаршоҳ табассум намуда, мошинро ба ҳаракат даровард. Роҳравон гуфтаҳои Сабоҳат Сафарзодаро болои тарозуи ақл гузошт ва ба андеша фурў рафт: эҳ, чархи гардун, чархи гардун, воқеаи имрўза тазоди зиндагист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо