Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гардиши айёмро бубин, ки баъди чил сол риштаи зиндагиро чун ресмоне дар ҳалқа тоб дод ва имрўз ҳақро ба ҳақдор расонд. Оне, ки чил сол ба ҳамяроқон, дўстон, оила, фарзанд, хешу табор ва Ватан хиёнат кард, имрўз подоши мукофоти амалашро гирифт.
Бубин, ки имрўз набераи ў Санавбар ба хонадони оне, ки сенздаҳ сол пеш дар шаҳри Рига аз гиребонаш гирифта, ба рўяш туф карда, хоини Ватан гуфта буд, фарзанде ба дунё меорад, аммо ў аз куҷо ин шодиро дида метавонад. Ширинии “мағзи донак”– ро магар боре чашида тавонист? Шодии фарзанд, тўю сўри онро дид? Ба қадри меҳру муҳаббати ҳамсари вафодор расид? На! Пас зиндагии ў чӣ маънӣ дошт?...
– Акбаршоҳ, таваллудхонаро гузаштем– ку! – гуфтани Сабоҳат Абдуллоевна ўро аз банди андеша раҳонид. Вале сир бой надода, рули мошинро ба тарафи чап тоб додаистода, сарашро каме паст карду аз ойннаи дохили мошин ба сўйи Сабоҳат Сафарзода нигариста гуфт:
– Аз ин паҳлўи таваллудхона медароем.
Баробари аз мошин фаромадани Сабоҳат Абдуллоевна ўро чанд нафар ҳалқа гирифта, табрик карданд:
– Набера муборак бошад! Келинатон шоҳписар таваллуд кард, ширинкома бароред!!!
– Ҳамаи чиз қурбони як тори мўйи набера, – гўён Сабоҳат Абдуллоевна ба ҳадягирон ширинкома баровард.
Акбаршоҳ ин манзараро дида, аҷаб ҳаловате бурд...
Баъди ду рўз аз Масква хабар доданд, ки дар майдони Севтной булвар Спиридонов ва Патронро ки вазифаи атташеи ҳарбии яке аз сафоратхонаҳои Ғарбро ба ўҳда дошт, бо далелҳои шайъӣ дастгир намуданд...
Рўзи дигар дар тамоми матбуоти кишвар изҳороти ТАСС дар ин хусус чоп шуд.
Акбаршоҳ бори дигар ин изҳоротро аз рўзномаи “Тоҷикистони советӣ” қироат намуда, чанде ба хаёл рафт ва сипас ғолибона аз ниҳодаш садо берун баромад:
– Ҳо, ман ҳеҷ гоҳ аз милиса намеравам!...

пешина
аз 408
навбатӣ