Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ПОРИКОБ

Қисса
Заррина аз паҳлўйи духтарчааш Умеда бархеста берун баромад. Ҳаво хунук буд. Борон оҳиста – оҳиста ба барф табдил меёфт. Дили занро ғам гирифт. Дар ин нисфишабӣ аспсавор баромада рафтани шавҳарашро ҳеҷ нафаҳмид. Заррина бо хотири парешон ба хона даромада, чароғ даргиронду ба соати деворӣ нигарист. Ақрабак яку бист дақиқаро нишон медод. Аз рафтани Аббос сею ним соат гузашта буд. Заррина чароғро хомўш карда, ба ҷойгаҳ даромад.
– Оча, дадаҷонам омад? – пурсид Умеда.
– Не, бачам. Хоб кун, ҷони ширин.
– Хобам намебарад.
– Шаб барои хоб аст, бачам, хоб кун!– амр кард модар.
– Оча!
– Лаббай.
– Дар ин торикӣ дадома гург намехўрад?
Саволи Умедаи чорсола барои модар болои сухта намакоб шуд.
…
Оча, дадома гург намехўрад!
– Не, бачам, дар чунин шаб гург ҳам аз хонааш намебарояд.
– Пас дадаи ман аз гург ҳам зўртар аст?
– Ҳа, ҷонакам, хоб кун!
Заррина ҳар қадар чашмонашро пушид хобаш набурд.
Чанд бор хост аз тиреза ба берун нигоҳ кунад, вале барои он ки Умеда бедор нашавад, аз райъаш гашт. Каме ғанабаш бурда буд, ки хоби тарсноке дида бедор шуд. Шиҳаи асп ба гўшаш расид.
– Хайрият омад, – гўён чи тавр аз ҷояш ҷаҳида берун баромаданашро худаш нафаҳмид. Асп дар пеши дарвоза бе савор меистод. Дили Заррина таҳ кашид. Ба сўӣ дарвоза равон хоби лаҳзае пеш дидаашро ба ёд овард. Хоб дид, ки ҳамроҳи Аббос дар биёбоне рафта истодаанд. Ниҳоят ташнагӣ ғалаба карду ба тарафи ягона чашмаи дар биёбон буда рафтанд, ки Аббос онро дида буд. Дар лаби чашма мореро диданд. Заррина ҳарчанд Аббосро аз райъаш гардонданӣ шуд, ки ба чашма наздик нашаванд нашуд. Аббос ба чашма наздик шуда буд, ки мор ўро неш зад. Заррина дарвозаро кушода, аспро шилтаи об дид.

пешина
аз 408
навбатӣ