Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мақоли халқие ҳаст, ки «мард аввал андеша карда пас сухан мегўяд, вале зан сухан гуфта пас андеша мекунад».
Нигор ҳам баъди суханони «то аз ҳамсарат ҷудо нашудӣ дигар ба ман занг назан» ва гузоштани гўшаки телефон ба андеша фурў рафт.
– Кори хуб нашуд, – аз дил гузаронд ў. Рафту ҳамин гапро баҳона карда аз ман рў гардонад – чӣ? Не, не ишқи ў дар мағзу устухони ман ҷо шуда…
Аз радио суруди Манижа:
Дили дарманди маро,
Набувад бе ту даво.
Хабари қалби маро,
Бишунав эй бефаво…
садо медод, ки дили бе ин ҳам ҳазини ўро ҳазинтар сохт ва ба қавле болои сўхта намакоб шуд. Ў боз ба назди телефон омада, рақамҳои аз ёд кардаашро тоб дод, вале касе гўшакро набардошт…
Ниҳоят гўшакро ба ҷояш гузошта, назди тиреза омада, ба берун нигарист. Фирўз ҳамроҳи ҷўраҳояш дар берун бозӣ доштанд. Ҳарчанд ў аз Зариф чунин як нишонаи зебо ва давом диҳандаи умр дошт, вале оташи ишқро дар хонадонаш рў ба завол медид.
Нигор вохўрии аввалини хешро бо Расул ба ёд овард:
Соли гузашта, дар охирҳои моҳи июн ба Зариф аз ҷойи кораш барои истироҳат дар санаторияи Хоҷаобигарм роҳхати дунафара доданд. Умуман шодии Нигорро ҳаду канор набуд.
Охир ў дар тўли бисту ҳашт соли ҳаёташ боре ҳам дар курорт набуда… Хоҳараш Хумор, ки се сол аз ў хурд буд, дар чандин осоишгоҳҳо истироҳат карда, аз ҳаловаташ нақл мекард. Нигор он рўз худро дар осмони ҳафтум медид…
Ў чандин рўзи дар Хоҷаобигарм будан рафтори атрофиёнро наззора кард. Фаҳмид, ки курорт чист ва чаро мардум ба он чун занбўри асал ба ширинӣ эҳтиёҷ доранд. Ба ҳусну ҷамоли хеш боз ҳам пурратар диққат медодагӣ шуд ва дили ҳар мардро ба як нигоҳ мебурд…
Дар ҳамин ҷо ў ба табиати каҷрафтор бовар кард. Дар ҳамсоягияшон Расул ном марди зебо бо ҳамсари нозебу фарбеҳи қадпасташ зиндагӣ мекарданд. Ў ҳайрон буд, ки чи тавр ҳамин хел марди чор кас медидагӣ сар дар болини чунин зан мемонад.

пешина
аз 408
навбатӣ