АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Дар дилаш ҳаваси ўро мехўрд.
Дар роҳи Расул дом танид ва рўзе имкон ёфт, ки дар ин бора он мардро огоҳ созад. Ва рўзе Зарифу Фирўзҷон ба шаҳр рафтанду Нигор танҳо монд ва ба ў муясар шуд, ки Расули аз оббозӣ омада истодаро ба ҳуҷраи хобаш дарорад…
Ва боз чандин бор дар курорт вохўрданд.
Як сол боз онҳо вомехўранд. Ба қавле партизани асосӣ шудаанд ва ба ҷуз хонаи Нигор дар ҳолатҳои набудани Зариф, муддати чанд моҳи охир ба хонаи Хумор, ки онро боз ҳарду «Авҷи осмон» меноманд мераванд. Акнун Нигор бо Расул нияти издивоҷ кардан дорад.
Ў боз ба назди телефон омада, рақами ўро чид…
Майори милиса Абдуҷаббори Ислом баъди аз назар гузаронидани ҳуҷҷатҳои дар давоми рўз ба идора ворид шуда, ба хулосае омад, ки дар бисёр шўъбаҳои милисаи шаҳру ноҳияҳо нисбат ба хабарномаҳо хунукназорона муносибат мекунанд. Аз бист ҷавоби омада, дар ягонтои онҳо ҳатто навишта нашудааст, ки ягон касро меҷўянд…
Дирўз баъди суҳбат ў Сорбони Ҳомид ва Сендеровро аз нав барои муайян кардани баъзе ҳолатҳои кор, ки дар маддии аввал беаҳмият менамоянд фиристод. Ҳар ду ҳам дар маҷлиси бегоҳирўзӣ набуданд. Шояд ягон нўги гиреҳеро ба даст овардагистанд. Албатта, бе далелҳои раднашаванда ба назди Соиб Сулаймонов рафтан маъние надорад. Бо як нишондоди пиразан ба гумон аст, ки ў барои азназар гузаронидани хонае, ки соҳибонаш дар хориҷаанд розигӣ диҳад. Аслан аз прокурор ҳам хафа шудан лозим нест. Охир қонун ҳама назоратро ба зимаи прокурор вогузошта ва агар хаттое рух диҳад, албатта сарашро сила намекардагистанд. Не беҳтараш омадани онҳоро интизор шудан даркор.
Ў ҳуҷҷатҳои нав дида баромаданашро ба гўшаи чапи мизи кориаш гузошта ба воситаи телефони дохилӣ ба навтабдор супориш дод, ки баробари пайдо шудан сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ва Сорбони Ҳомид ба наздаш дароянд.
– Рафиқ майор, ҳардуяшон ҳам панҷ дақиқа пеш омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё