АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Болои зин бошад қариб ду ангушт барф дошт. Аз лаҷоми асп дошта, онро ба ҳавлӣ дароварда баст. Барф заминро пурра сафед карда буд. Хост пайи аспро гирифта, аз куҷо омаданашро муайян созад. Вале фикре ба сараш зад, ки мабодо Умеда бедор шуда тарсад. Ў боз гашта ба хона даромада, чароғро даргиронду ба соат нигарист. Ақрабак дую панҷоҳ дақиқаро нишон медод. Хоб аз чашмони зан парид. Дар дилаш пайваста мегуфт:
– Худоё, дадаҷони Умедаро дар паноҳат нигоҳ дор…
Акнун дамидани субҳро интизор шудан лозим буд, аммо кай субҳ медамида бошад? Шаб ба назари Заррина аз қарн дарозтар намуд…
Аббос ба ҷойи таъин шуда омада, лаҷоми аспро кашид.
Гарчанде худ бороние дар бар дошт хунук хўрд. Асп низ тоқати хунукиро надошт, ки ҳаракат кардан мехост, вале савори болояш ба ин имконият надода, ҳарзамон лаҷомро мекашид.
Асп ҳам дигар ҳаракат накарда ором шуд. Ҳар ду омадани касеро интизор буданд. Аз роҳ касе намегузашт. Ин табъи дили савор буд. Нохост аз дур рушноие баромад. Барои эҳтиёт Аббос аспро қамчин зада, аз роҳ дуртар рафт. Ниҳоят автомашинаи сабукраве омада дар он ҷое, ки ду – се дақиқа пештар Аббос болои асп интизорӣ мекашид, истод. Марде дари мошинаро кушода берун баромад. Аббос дар рушноии чароғи кабина ўро шинохт магар, ки аз камингоҳ аспро ба тарафи роҳ гардонд.
– Чу ҷонвар, чу...
Асп аз чизе рамидагӣ барин ба соҳибаш итоат кардан нахост. Аммо ҳамин, ки тозиёнае хўрд ба пеш ҷаҳид. Аз ин савор мувозинаташро гум карда, қариб афтода буд, вале таҷрибаи човандозиаш даст доду худро болои зин гирифт.
Лаҷомро маҳкамтар кашида, ду – се қамчин бар гардани асп зад. "Тўҳфаи" савор ба асп маъқул нашуд, ки дар як мижа задан ўро аз паҳлуи автомашина гузаронида бурд. Ронанда ки дар рўйи роҳ буд, қариб ба зери пойи асп монад. Ниҳоят савор лаҷоми аспро гардонда, ба назди автомашина омад.
– Ҳа, Аббос – ака қариб маро ба ҷаҳаннам фиристода будед, нимҷиддию нимшухӣ, – гуфт ронанда.
– Аз интизории зиёд дар ин сармо ҷонвар ба ғазаб омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо