АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Барои дер монданамон узр.
– Ҳеҷ гап не, кор барор гирад.
– Омин, – гўён ронанда даст ба рўй кашид ва ҳамзамон пурсид, ки чӣ бояд кард?
– Автомашинаро аз роҳ бароварда, пинҳонтар мондан лозим. Ин тарафашро аспсавор меравем.
– Дар ин лой агар автомашиниро аз роҳ барорем рафту дармонад, – эътироз кард ронанда.
– Дигар илоҷ нест, – гуфт Аббос.
Ниҳоят автомашинаро аз роҳ бароварданд ва ҳар ду ба асп савор шуда, аз паҳлуи ду деҳа гузашта, баъди ним соат аз асп фаромаданду Аббос онро ба дарахте баста гуфт:
– Ин тарафашро пиёда рафтан лозим.
Ҳамроҳаш чизе нагуфта, аз қафои ў ба роҳ даромад.
Шамол борони барфолудро ба сару рўй зада, роҳгардиашонро душвор мекард, вале қуввае чун “қувваи ҷозибаи умумиҷаҳонӣ” онҳоро ба сўи худ мекашид. Ин қувва нафси бад буд, ки на ҳар кас дар муқобили он истодагарӣ карда метавонад…
Баъди бист дақиқа онҳо бе ягон мамоният вориди бинои шуъбаи алоқа шуданд, ки дар як гўшаи деҳаи Сафедхок воқеъ гардида буд.
Деҳаи Сафедхок аслан маркази совхози «Сафедорон» ва деҳшўрои ҳамин минтақа буда, мардуми таҳҷоӣ онро Қалъа ҳам меноманд. Аз Қалъа то имрўз ному нишоне намонда, вале чашамаи зулоле дорад. Дар поёнтари чашма роҳи ҳавоӣ ва биноҳои зебои фурудгоҳ ҷойгиранд. Дар фасли зимистон аслан деҳаро ба маркази ноҳия ҳамин роҳ мепайвандад. Гирду атрофи деҳаро кўҳҳои сарбафалаккашида печонидаанд. Ба деҳа танҳо як роҳи даромад, ин ҳам бошад роҳи автомобилгард аст…
Дар бораи Қалъа ривоятҳои зиёде мегўянд. Замоне дар ин минтақа Тўйчӣ ном ҷавоне подшоҳ буд. Ў мардуми аз тохтутози аҷнабиён азияткашидаро муттаҳид карда, деҳаи Сафедхокро ба қалъаи мустаҳкаме табдил дод. Дар масофаи даҳ километр ба воситаи қубурҳои гилин, ки дар оташ пухта шуда буданд, ба деҳа об овард, ки зикри он чашмаро дар боло намудем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо